Зеҳн
Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баррасии натиҷаи таҳқиқот. Рисола дар маҷлиси кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ санаи 30-юми марти соли 2018, тибқи суратҷаласаи _________ ва ҷаласаи сексияи адабиётшиносии назди Шӯрои дифои рисолаҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар санаи _________, суратҷаласаи ________баррасӣ гардида, ба ҳимоя рухсат дода шуд.

Ҷанбаҳои муҳими тадқиқот ва моҳияту мундариҷаи он дар 3 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои шомил ба рӯйхати Комиссияи Олии Аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия, 1 монография, биобиблиография ва 5 мақола дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳои дигар ба табъ расонидааш, дарҷ гардидаанд.

Мувофиқи маводи диссертатсия унвонҷӯ дар семинарҳои илмӣ – назариявии кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, конференсияҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, конференсияи муҳаққиқони ҷавон (Хуҷанд, 2014 - 2017) ширкат ва баромад намудааст.

Сохтор ва таркиби диссертатсия: Диссертатсия аз муқаддима, се боб, ҳашт фасл, хулоса, китобнома ва 170 саҳифа иборат аст.

МУҲТАВОИ АСОСИИ ТАҲҚИҚОТ

Дар муқаддимаи диссертатсия аҳамияту дараҷаи омӯзиши мавзӯъ, мақсаду вазифаҳои таҳқиқ, сарчашмаҳову усулҳои пажӯҳиш, навгониҳо, арзиши назарию амалӣ, нуктаҳои асосии ба ҳимоя пешниҳодшавандаи диссертатсия ҳамаҷониба мушаххас гардида, заминаҳои асосии мавзӯъ дар робита ба манобеи адабию илмӣ омӯхта шудааст.

Боби нахустини диссертатсия «Ташаккули шахсияти эҷодии Сорбон ва осори ӯ аз назари анвои адабӣ» ном дошта, аз се фасл иборат аст.

Фасли аввали боб «Нақши мактаби адабии замон дар рушди шахсияти эҷодии адиб» унвон дошта, дар он нақши Сорбон ҳамчун нависандаи соҳибқалам ва пайрави рӯҳияи таҷаддудталаби замони худ баррасӣ гардидааст. Таъкид мешавад, ки Сорбон навгароии насри солҳои 60-уми асри гузаштаро бештар дар ботини калом, устуворию матонати баёни он, барангехтани таъсири қалбии сухан, интихоби мавзӯю сужетҳои ҷолибу ғайримуқаррарӣ дарёфт. Дар ин давра вижагиҳое, ки ба дарунмояву сохтори насри солҳои 60-80-ум, аз ҷумла ба осори Сорбон таъсири бештар доштанд, чунин ба мушоҳида омаданд:

пешина
аз 24
навбатӣ