Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа
Таваҷҷуҳ ба он зоҳир шудааст, ки моҳияти аслии ҳикояву повестҳои Сорбон, қолабҳои тарзи баён, нодиракориҳою тасвирпардозиҳои ӯ дар хусуси офаридани манзара, муҳити зист, қиёфа, хаёлот, орзуҳо, андешамандии қаҳрамонон, муколамаю гуфтори онҳо, таркиби лексикии хос ба забони асари бадеӣ ва дигар паҳлӯҳои поэтикии насри нависанда банду баст ва ҳаллу фасл гардад.
Арзиши назарӣ ва амалии диссертатсия. Диссертатсия барои таҳқиқи масоили адабиёти муосир, хоса насри имрӯзи тоҷик аз чанд ҷиҳат судманд буда, арзиши назариявии онро таҳқиқи поэтикаи ҳикоя ва повести муосир, инчунин масоили марбут ба вижагиҳои жанрии ин анвои адабӣ собит месозанд. Тадқиқоти мазкур ҳангоми навиштани китобҳои дарсии таърихи адабиёти тоҷик, бахши адабиёти муосир , таълифи корҳои курсӣ ва корҳои дипломию хатм, таълими дарсҳои адабиёти муосири тоҷик, курсҳои махсус оид ба масъалаҳои умдаи насри муосир барои донишҷӯён метавонад хидмат намояд.
Нуктаҳои асосие, ки ба ҳимоя пешниҳод мешаванд:
-
Дар диссертатсия падидаҳои муҳими насри ибтидои солҳои 60уми асри XX, мавқеи мактаби адабии замон дар рушди шахсияти эҷодии Сорбон, омӯзиши равиши истиқболи ӯ аз навҷӯии суханварони давр таҳқиқ шудааст.
-
Ҷойгоҳи Сорбон дар насри муосири тоҷик ва баҳои мунаққидону адабиётшиносон ба мазмуну мундариҷа, мавзӯъ, забону тарзи баён, сабку услуб, сужету композитсия, характеру симои образҳои ҳикояву повестҳои нависанда муайян карда шудааст.
-
Аввалин маротиба таснифоти жанрии осори Сорбон аз назари мавзӯъ, мундариҷа ва ҷанбаҳои ҳунарӣ анҷом ёфт.
-
Вежагиҳои ҳикояву повестҳои адиб, тозакориҳои ӯ дар офаридани образҳои барҷаста, тасвири зиндагонии мардуми кӯҳистон дар даврони гуногуни таърих муайян карда шуд.
-
Ҳини таҳқиқи хусусиятҳои насри Сорбон ҷанбаҳои муҳими он чун ботиннигарӣ, тасвири олами ботинии қаҳрамонон, тафсири бадеии амиқи характери персонажҳо, психологизми мукаммали ҷаҳоншиносии одамон мавриди таҳқиқ қарор гирифт.
-
Паҳлуҳои гуногуни насри Сорбон, аз ҷумла таҳқиқи рӯҳи замон, ҳофизаи таърихӣ, забон ва сабки баёни ҳикояву повестҳо, усули корбурди калимаҳои нобу нодир, санъатҳои бадеӣ, таъбироти мардумӣ, нақши ровӣ ва равиши афсонапардозӣ, мавқеи унсурҳои композитсияи асари бадеӣ ва дигар хусусиятҳои осори Сорбон ба маърази таҳқиқ кашида шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор