Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа
Барои расидан ба ин ҳадаф иҷрои вазифаҳои зерин мусоидат менамояд:
– сайри мухтасар дар насри муосири тоҷик ва шарҳи масъалаҳои меҳварии он;
– тавзеҳи мавқеи муҳити адабии давр дар ташаккули ҳунару истеъдоди нигорандагии Сорбон;
– таснифоти анвои роиҷи адабии эҷодиёти нависанда ва таҳлили ҷанбаҳои сохторию мундариҷавии онҳо;
– муқаррар намудани умумият ва нишонаҳои фарқкунандаи ҳикояҳои Сорбон аз адибони дигар;
– баррасии ҳикояҳо аз нуқтаи назари мавзӯъ, моҳият, рӯҳи ғоявӣ ва шаклҳои он;
– пажӯҳиши характер ҳамчун унсури барҷастаи насри бадеӣ;
– омӯзиши забон ва сабки нигориши нависанда;
– тадқиқи тарзҳои истифода аз унсурҳою равишҳои насри ривоятӣ ва афсонапардозӣ,нишон додани нақши ноқил ва ровӣ дар баёни воқеа дар ҳунари нигорандагии Сорбон;
– тадқиқи вижагиҳои сохторӣ, мавзӯӣ ва поэтикии ҳикоя ва повестҳои Сорбон дар муқоиса бо адибони дигари муосир.
Сарчашмаҳои таҳқиқ. Ҳангоми омӯзиши ҳамаҷонибаи мавзӯъ аз нашрҳои осори Сорбон ва куллиёти ӯ истифода намудем. Барои муайян кардани шахсияти адабию ҳунарӣ ва ҷойгоҳи адиб дар муҳити адабии давр қариб тамоми китобу мақолаҳо ва тақризҳое, ки ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам даврони истиқлолият марбут ба эҷодиёти ӯ интишор гардидаанд, мавриди омӯзишу истифода қарор ёфтанд.
Дар ҷараёни таълифи диссертатсия асарҳои баъзе аз нависандагони муосири тоҷик низ барои таҳлилу муқоиса ва шарҳу бозгӯии паҳлӯҳои гуногуни насри замони мо истифода шуданд.
Методи таҳқиқ. Диссертатсия дар заминаи усулҳои муқоисавӣ, муқоисавӣ-таърихӣ, зимнан равиши тасвирию сохторӣ ва оморӣ навишта шудааст. Ҳамзамон дар рафти таълифи тадқиқот аз усули илмии олимони русу эронӣ ва ватанӣ, чун Л.Гинзбург, Л.В.Шепилова, Г.Н.Поспелов, Л.И.Тимофеев, Шафеъии Кадканӣ, Сируси Шамисо, М.Шукуров, А.Сайфуллоев, Х.Шарифов, А.Раҳмонов, А.Набиев, Х.Асозода, А.Кӯчаров, М.Имомов, Н.Салимов, М.Хоҷаева, Ш.Солеҳов, ва дигарон ба кор гирифта шудааст.
Навгониҳои диссертатсия. Дар диссертатсия бори нахуст ташаккули шахсияти эҷодии Сорбон, мавқеи мактаби адабии замон дар рушди шахсияти эҷодии адиб ва назари муҳаққиқон ба осори ӯ мавриди тадқиқ қарор гирифт. Дар баробари ин, масъалаҳое, чун осори нависанда аз назари анвои адабӣ тасниф гардида, вижагиҳои жанрию сохтории ҳикояю повестҳои Сорбон баррасӣ шуданд. Дар адабиётшиносии тоҷик маротибаи аввал хусусиятҳои бадеию услубӣ, масъалаи характер, тасвири олами ботинии қаҳрамон, рӯҳи замон ва ҳофизаи таърихӣ, инчунин забону сабки баёни жанрҳои мазкур, нақши ровӣ дар зикри воқеа ва тасвирҳои психологӣ, афсонапардозӣ, мавқеи руҷӯъҳои лирикӣ ва унсурҳои композитсияи асари бадеӣ дар осори Сорбон омӯхта шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор