Зеҳн
Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

А.Сайфуллоев дар китоби «Уфуқҳои тозаи наср» дар бобҳои «Қиссаҳои хурд ва масъалаҳои бузург» ва «Дарки нави таърихи куҳан» ба таҳлили мазмуну мундариҷаи осори дар замони истиқлолият эҷодкардаи Сорбон пардохтааст. Дар ин бахшҳо қиссаҳои хурди мунташир дар маҷмӯаи «Марди танҳо» (2003), ки шомили ёздаҳ қиссаи кӯтоҳ аст, инчунин роман-эпопеяи «Достони писари Худо» мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд (16).

Китоби Кароматуллоҳи Шукруллоҳӣ «Нависандае, ки ба касе монанд нест» (2016) пажӯҳиши тозае перомуни рӯзгору осори Сорбон буда, давраҳои камолоти фардию эҷодии адибро фаро мегирад (15).

Тақризи Худоӣ Шарифзода «Баррасии як романи Сорбон» (2016), ки бар шарҳи романи «Барзгар»-и Сорбон бахшида шудааст, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки нақди адабӣ ҳамқадами эҷодиёти ин нависандаи пурмаҳсул будааст (14, 125-139).

Як бахши андешаҳои интиқодии адибону рӯзноманигорон дар мусоҳибаҳо бо Сорбон ғунҷоиш ёфтаанд. Табиист, ки бештари баҳсҳо дар гуфтугӯи суханварон ба ҳунару эҷод иртибот пайдо менамояд.

Омӯзиш ва таҳлили тадқиқоти ёдшуда ба натиҷае мерасонанд, ки оид ба масъалаҳои гуногуни эҷодиёти Сорбон, махсусан перомуни вижагиҳои жанрию услубии ҳикояву повестҳои ӯ дар адабиётшиносии тоҷик тадқиқоти алоҳида сурат нагирифтааст. Аз ин хотир, ҷанбаҳои ҳунарию поэтикии ду жанри меҳварии эҷодиёти Сорбон - ҳикояву повест омӯзиши фарогиру ҳаматарафаро талаб менамояд, ки мавзӯи асосии тадқиқоти мо интихоб гардидааст, зеро чунин тадқиқот барои шинохти поэтикаи насри муосир мусоидат хоҳад кард.

Мақсад ва вазифаҳои таҳқиқ. Ҳадафи аслии тадқиқот омӯзиши хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон буда, ҳамзамон масоили ташаккули шахсияти эҷодии адиб ва назари муҳаққиқон ба осори ӯ, мавқеи мактаби адабии замон дар рушди шахсияти эҷодии вай, таснифоти жанрии осори суханвар, муаммои характер ва тасвири олами ботинии қаҳрамон, рӯҳи замон ва ҳофизаи таърихӣ, нақши ровӣ ва афсонапардозӣ, мавқеи руҷӯъҳои лирикию унсурҳои композитсия ва чанд ҷанбаи ҳунарии таълифоти бадеии Сорбон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд

пешина
аз 24
навбатӣ