Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа
-
Зуҳури истилоҳоти «насри андеша» ва «насри психологӣ».
-
Нерӯмандии ҷанбаи ғиноӣ дар осори мансури давр ва пайдоиши асарҳои лирикӣ.
-
Ба масъалаи асосии тасвири бадеӣ табдил ёфтани тадқиқи бадеии характери қаҳрамон.
-
Бозтоби бадеии таърихи халқи тоҷик дар насри муосир.
-
Тадқиқи бадеии ахлоқи иҷтимоии ҳамзамонон.
-
Тасвири арзишҳои таърихӣ, иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ ва маънавӣ.
Сорбон дар баробари баҳраҷӯӣ аз тозакориҳои адабии мактаби замони хеш тавонист, ки садҳо воқеаҳои равшану ҷолиби ҳаётро ба ҳикояву повест ва романҳо бадал созад, олами ботинии пурвусъати инсонҳои синну солу касбу кори гуногунро бо тамоми назокат тасвир намояд, робитаи наслҳоро ташреҳи бадеӣ диҳад, бархурди қаҳрамонҳо, хислату характер, мақсаду ҳадафҳои иҷтимоию маънавии онҳо рӯйи коғаз оварад ва ниҳоят услубу равиши худро дарёфта, ба бозтоби масоили мухталифи ҳастӣ эҳтимом варзад. Мактаби адабии давр ва рангорангу пурғунҷоиш гардидани адабиёт, тановвуъпазирии сабкию мавзӯии наср боис шуд, ки Сорбон равиши хоси нигориши худро муайян сохта, хешро ба унвони нависандаи соҳибқалам шинос намояд.
Фасли дуюми боби аввал «Эҷодиёти Сорбон аз нигоҳи мунаққидон» ном дорад. Аз тадқиқи ин ҷанбаи тадқиқот бармеояд, ки дар бозтоби шахсият ва ҷанбаҳои мухталифи эҷодиёти Сорбон хидмати нақди адабӣ басо муҳим аст. Аз нашри нахустин маҷмӯаи ҳикояҳои адиб, ки «Гап дар дил» ном дошта, соли 1969 ба табъ расида буд, то роман – эпопеяи «Достони писари Худо» мунаққидон перомуни усули нигориш, сабки баён, сужетофаринӣ, композитсия, банду басти воқеаҳо, офариниши характери персонажҳо, мувофиқати мавзӯъ бо жанрҳо, забон, истифодаи саноеи бадеӣ, корбасти зарбулмасалу мақол, масоили ахлоқи иҷтимоӣ ва дигар паҳлуҳои эҷодиёти ин қаламкаш мулоҳиза меронанд. Маҷмӯи баррасиҳои осори Сорбонро аз тарафи ноқидон чунин дастабандӣ кардан мумкин аст.
-
Тақризҳо дар сафҳаҳои матбуоти даврӣ.
-
Таҳлил дар доираи диссертатсияҳои илмӣ ва монографияҳо.
-
Баррасиҳо дар раванди таҳлили ҷараёни адабии давр.
Илова бар ин, бояд ёдовар шуд, ки Сорбон дар мусоҳибаҳои хеш оид ба таҷрибаҳои эҷодӣ, сарчашмаи мазмуну мундариҷаи осор, баҳраёбӣ аз мактабҳои бузурги суханварони ҷаҳон ва дигар омилҳои такмилдиҳандаи сабку услуби фардии худ изҳори назар намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор