Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа
Ба андешаи забоншинос Р.Ғаффоров, Сорбон танҳо дар повестҳои «Санги сипар» ва «Ҷӯгӣ» 200 калимаи лаҳҷавиро ба кор бурдааст. Нуктаи муҳимме, ки Р.Ғаффоров таъкид менамояд, ин аст, ки «нависанда ба ивази баъзе аз калимаҳои тасодуфӣ, ки дар забон падид меоянд, калимаҳои асили тоҷикиро ба кор бурдааст» (2, 139).
Ба андешаи мо, нишонаи барҷастаи забони адиб корбурди калимаҳои нодир аст, ки қисме аз онҳо аз истеъмол дур афтодаанд ва гурӯҳи дигар дар забони лаҳҷаву шеваҳо истифода мешаванд ва дучор меоянд.
Истифодаи вожаҳои «поғунда», «огард», «воиш», «чамидан», «хомдарид», «гӯшона», «гардсӯз» ва ғайра дар асарҳои Сорбон дар рисола мавриди баррасӣ қарор ёфтаанд.
Дар «Фарҳанги Доро» Доро Наҷот борҳо ба осори Сорбон рӯй оварда, зимни тавзеҳи вожаҳои адир, алағда, ангиштсанг, аҷина, вағидан, ғеҷидан, ғилбор, дӯғ, зак, отанг, парчин, полон, потеша, похса, почагӣ, пӯпак, росто, руст, рӯбинон, сарболо, талвоса, таранг, фач, фук, фӯта, чакка, чакман, чош, элпӣ, яккаш (7) ва ғайра аз осори Сорбон санади бадеӣ ҷустааст.
Дар насри Сорбон вожаҳои сирф тоҷикии нодир зиёданд, мисли гулпурсӣ –дониста пурсидан (11, 14), кирмғуҷ –кирмхӯрда (11, 43), гумҷӯ – ҳарису ҷӯёи касе, бахусус фарзанд) (11, 90), афгона – нимрасо афтодани ҷанин аз раҳми зан (11, 153), ғалтанак – аз дард ба худ печидан (11, 215), бармола – заминҳои кишти домани кӯҳ (11, 326), латтамуд –пахтаи нимсӯз барои доштани хунравӣ (10, 325), шибар – замини ҳамешасабз (12, 328) ва ғайра.
Нишонаи дигари забони эҷодиёти Сорбон дар баёни лаҳҷавии ҳолатҳо ба мушоҳида мерасад, ки барои исботи ин нукта дар рисола мисолҳои зиёд оварда шудааст.
Истифодаи фаровони зарбулмасалу мақол, ибораҳои рехта ва афоризмҳо низ аз сифатҳои забони насри бадеии Сорбон аст. Ба назари мо, агар тамоми зарбулмасалу мақолҳо, таъбироти мардумии дар асарҳои Сорбон истифодашударо дар як китобча ҷамъ оварем, ба фарҳанги мухтасари ин навъ унсурҳои забонӣ табдил меёбад. Корбасти санъатҳои бадеӣ боиси шевоию зиннати каломи Сорбон гардидаанд. Ташбеҳ, ташхис, тамсил, муболиға, сифатчинӣ, таҷнис ва ғайра дар асарҳои ӯ бо камоли устодӣ ба кор рафтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор