Зеҳн
Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба фикри А.Набиев, «Дар офаридани образҳои равшану назарнамо Сорбон аз таҳлили психологии характер ӯҳдабароёна истифода бурда, ба қаҳрамонҳо ҷозибаи махсус бахшидааст” (6, 126).

Сорбон дар нигориши характери қаҳрамонон ва ҷаҳони ботинии одамон услуби вижаи худро дорад. Ӯ барои тасвири ҳамаҷонибаи нерӯҳои рӯҳонию ҷисмонии қаҳрамононаш равишҳои ҷолибро ба кор мебарад. Истифодаи дурусти монолог, қиёфа, ҳолат, манзара ва дигар унсурҳои композитсионӣ арзиши ҳунари нигорандагии Сорбонро ба маротиб боло мебаранд.

Фасли сеюми боби дуюм «Инъикоси рӯҳи замон ва ҳофизаи таърихӣ» унвон дорад. Яке аз муҳимтарин вижагиҳои ҳунарии осори Сорбон дар он зоҳир мегардад, ки вай рӯҳи замонро дар офаридаҳои бадеии хеш ба хубӣ инъикос менамояд. Агарчи дар аксари ҳикояҳову повестҳо ба солу моҳи дақиқ ишора нашавад ҳам, вале хонанда набзи замону макон, муносибати одамонро дар муқобили зуҳуроти мухталифи иҷтимоӣ эҳсос менамояд.

Маъмулан сохтмони макон дар адабиёти бадеӣ дар заминаи таносуби ашё ва муҳит сурат мегирад. Аломату нишонаи макон ба ашё ва муҳити он вобаста буда, барои муайян кардани замони таърихӣ ва бадеӣ мусоидат менамояд. Аз ин дидгоҳ, Сорбон низ пешорӯи хонанда макон ва замонеро меоварад, ки такя ба воқеият дорад. Нависанда тавассути образҳо, мотивҳо ва сужетҳо як ҷанбаи шуури миллию қавмии моро хуб ошкор месозад, ки ин ҳам мавҷудияти рӯҳи тобеъ ба замон ва воқеияти вақт аст.

Таҳлили ҳикояи Сорбон «Хӯшаи қисмат», повести «Сабо», ҳикояи «Чароғи сиёҳ» аз таваҷҷӯҳи махсуси нависанда ба ҳофизаи таърихӣ дарак медиҳад.

Боби сеюми диссертатсия «Ҷанбаҳои сабкӣ ва ҳунарии осори Сорбон» ном дошта, аз ду фасл иборат аст.

Фасли аввали боби сеюм ба баррасии забон ва сабки баёни ҳикояву повестҳои Сорбон ихтисос ёфтааст. Сорбон аз нависандагонест, ки дар насри муосири тоҷик бо забону тарзи баёни худ тафовут дорад. Бегумон, муҳимтарин хидмате, ки Сорбон тавассути забони асарҳои хеш ба субут расонид, ин умри дубора бахшидан ва муомилоти забонӣ ворид намудани калимаю таркибҳои нодир, ибораҳои рехта, зарбулмасалу мақол ва дигар унсурҳои сарфию наҳвии забони зиндаи халқ аст.

пешина
аз 24
навбатӣ