Зеҳн
Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Таҳлили поэтикии ин ҷанбаи ҳунарии Сорбон собит менамоянд, ки адиб воситаҳои тасвири бадеиро барои баёни мукаммали манзараҳои табиату зиндагӣ, лаҳзаҳои пурмашаққати ранҷи мардуми кӯҳистон дар солҳои ҷангу маҳрумиятҳо, ҳангоми тасвири характери персонажҳо, муносибатҳои неку бади одамон ва рӯнамоии ҷаҳони ботинии онҳо муносибу мувофиқ ба кор бурдааст.

Фасли дуюми боби сеюми диссертатсия “Ҳунари нависандагии Сорбон: рамзгароӣ, афсонапардозӣ, қиёфасозӣ, манзаранигорӣ, монологу диалог” ном дорад. Аз таҳлили ин ҷанбаҳои насри Сорбон бармеояд, ки ӯ тавассути рамзу самбул, устура, қиёфапардозӣ, манзаранигорӣ гардишҳои ҷолиберо дар мундариҷаи асар ба вуҷуд оварда, арзиши бадеию эстетикии онро афзун мегардонанд.

Аносиру афсонапардозӣ аз хусусиятҳои сабки Сорбон аст. Роҷеъ ба устурапардозии Сорбон М.Хоҷаева таъкид менамояд: «Яке аз хусусиятҳои насри Сорбон – таваҷҷӯҳи махсус ба ривоятҳову устураҳо, рамзҳову хобҳост. Ба назари мо, истифодаи ин санъатҳо, аз як тараф, барои дур зӯр кардани ғояи асар ва ҷанбаи бадеии он бошад, аз тарафи дигар, майли нависандаро ба як навъ оҳанги романтикии асроромез намоиш медиҳад» (13, 111).

Дар асарҳои Сорбон чанд тарзи корбасти афсонаҳо ба назар мерасанд.

Якум, афсона ба шакли пурра ё таври мухтасар, ки фарогири мазмуни яклухт бошад, оварда мешавад.

Дуюм, ҳолатҳои афсонаомезу ваҳмангез ё ғайриодӣ дар хатти сужет пайдо шуда, аз зуҳури ҳодисаю рӯйдоди садамаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд.

Сорбон тавонистааст дар ҳикояву повестҳои худ услуби ривоят кардани ҳодисаҳоро, ки садсолаҳо ба насри қадими хос буд, идома бахшад ва аз забони ноқил мағзу моҳияти андешаю ормонҳои одамон, маънои талотумҳои дарунии онҳо, омаду ноомади кору рӯзгори эшон ва дигар масоили ҳастиро баён созад.Афсонапардозӣ ва хаёлбофӣ бошанд, барои боло рафтани арзиши эстетикии осори нависанда хидмат карда, ҷустуҷӯҳои бадеии ӯро дар тарҳу сохтмони нав ба ҷилва овардаанд. Лаҳзаҳои хориқулодда ва ғайримунтазира дар асарҳо барои осон шудани гардиши хатти сужет, иртиботи воқеаҳо, кушодани характеру тинати қаҳрамонҳо, пайванди сарнавишти наслҳо хидмат кардаанд.

пешина
аз 24
навбатӣ