Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Сурати зебо намегӯяд камоли ҳусни кас,

Сирати зебо агар, дорӣ, ту хушобу гилӣ [10, 21].

Дар мисраи якум ба маънои аслӣ зебогӣ омада, дар мисраи дуюм ба маънои маҷозӣ рафтори хуб, кирдори нек омадааст. Дарвоқеъ, диди шоирона ва танҳо назари шоирона мебояд, на муқаррарӣ то ба ашё, ки бо худи худ ҳанӯз беруҳу беҷон аст, бад – ин дараҷа неру ато намояд.

Будам дарёи хун дар чашми модарҳо,

Ба оҳи сарди додарҳою хоҳарҳо…

Ба кишварҳою кишварҳо…

На!! [10, 258].

Санъати нидо низ дар ашъори шоир хуб ифода ёфтааст. Хитобаҳои пурэҳсос ва амиқи аз ҳолати рӯҳии шоир ё қаҳрамони ӯ хабар медиҳанд, дар ин банд тасвир ёфтааст:

Худоё, даре аз каримӣ кушо,

Дари дигаре аз раҳимӣ кушо.

Худоё, Туӣ огаҳӣ баҳру бар,

Шарофат Туро ганҷу даргоҳу дар… [14, 17].

Муболиға ҳам дар ашъори шоир низ муассир тасвир ёфтааст.Дар ин порча дар қалби пурэҳсоси қаҳрамони лирикӣ ,ки як дунё орзуҳост, кӯҳу саҳро ҷо гирифтааст:

Дар дил, ки як дунё бишуд, ин кӯҳу саҳро ҷо бишуд,
То аз канори поки ту бар бекарон дил бохтам [10, 52].

Санъатҳои лафзӣ барои ороиш ва мавзунии сухан хизмат мекунанд. Атоуллоҳи Ҳусайнӣ дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» миқдори ин навъи санъатро 27 гуфтааст ва Тӯрақул Зеҳнӣ дар «Санъати сухан» 25 навъи санъатҳои лафзиро нишон додааст. Маъмултарин санъатҳои лафзӣ таҷниси лафзӣ аст. Таҷниси лафзӣ аз ду ва зиёда калимаҳои ҳамҷинси якранг сохта мешаванд, ки тартиби овозиашон як бошад ҳам, ҳар кадом маънои дигар дорад [79, 83].

Аё сайёҳ, ки паймудаӣ бисёр кишварро

Чу Кӯлобам куҷо дидӣ ҳавои рӯҳпарварро?

Чаканпушони кӯлобӣ баҳори тоза меоранд,

Бо як гулхандаи худ синаҳои меҳрпарварро [8, 137].

Калимаи «Кӯлобам» дар мисъраи дуюм ба маънои макон ҷойи зист омада, дар мисраи сеюм ба маънои аломати предмет омадааст. Таҷниси зоид садоноки зиёдае дар яке аз ду калима аст [79, 32]. Дар як байт иловаи садоноки «о».

Васеъу расму роҳаш бар умри мост пайваст,

Пайванди шаҳраҳи мост шаҳроҳи қаҳрамонӣ.

Хуршеди меҳр бошад дар мою сӯзиши мо,

Гарм аст з – оғӯши мо оғӯши зиндагонӣ [8, 131 ].

Таҷниси мураккаб зикри калимаҳои ҳамҷинс аст, ки яке аз онҳо сода ва дигаре мураккаб ё ба шакли таркиб аст.

пешина
аз 114
навбатӣ