Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Сар то ба қадам сириштае аз тарабӣ.
Гӯям асалӣ, асал бубахшо зи лабат,
Афтоб ба рӯзамию моҳаб ба шабӣ [26,181].

Дар мисраи аввали ин байт «шаҳдлабӣ» ташбеҳшаванда буда, дар мисраи сеюм «асал» ташбеҳкунанда мебошад. Ва дар мисраи чорум бошад «афтоб», «рӯз», «моҳ», «шаб» санъати тазоданд. Санъати тазод дар эҷодиёти шоир мавқеи калон дорад.

Санъати саволу ҷавоб низ барои ифодаи эҳсосоти қалбӣ воситаи хуб аст. Ҳақназар Ғоиб дар ифодаи мавзӯъҳои ишқӣ аз саволу ҷавоб моҳирона истифода намудааст:

Гуфтам: Ба ташнаи ишқ як коса об бахшо,

Гуфто: Магӯ ба пешам аз қиссаи шабона.

Гуфтам, ки: Покбозам, дар ишқ ҷонгудозам,

Гуфтӣ: Ба ишқу покӣ бошад вафо нишона [25, 26] .

Шоирони адабиёти классики тоҷику форс бо санъати саволу ҷавоб шеър эҷод мекарданд. Ҳақназар Ғоиб ба онҳо пайрави карда аст. Дар шеъри дигар низ санъати саволу ҷавоб бо як маҳорати калон ифода шудааст:

Чун чароғи нимасӯзе аз само

«Нимаи моҳи равон, гуфтам ба дил,

Нест ними умри ширинам магар?»…-

Ман нигаҳ кардам ба кӯҳи сарсафед,

Гуфт: «Бар мақсад расад марди ҳунар!» [10, 25].

Дар ашъори шоир талмеҳ низ мавқеи муайян дорад. Шоир дар ҷараёни тасвир гоҳо ба воқеаҳои таърихӣ, шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ муроҷиат карда, ба ҳамин ҷанбаи бадеӣ ва тасвирро қувват медиҳад. Дар байти зерин исми Темурмалик чун талмеҳ ифода шуда, хонандаро ба ватандорӣ ва ҳифзи озодӣ таъкид менамояд:

Ва бояд, ки ман ҳам камовар шавам,

Паи ҳифзи озодӣ аскар шавам.
Ки мирам, бимирам чу Темурмалик,
Қасосам бигирам чу Темурмалик [19, 225].

Дар ашъори Ҳақназар Ғоиб тасвир аз ҳисоби ташхис низ рангину муассир ифода ёфтааст. Шоир бо набототу ҳайвонот, паррандагон ва дигар мафҳумҳо эҳсосоту хислатҳои инсонӣ нисбат дода, ба хонанда ба воситаи муколамаи онҳо ҳаётро меомӯзонад.

Чӣ хамӯшист туро санг бигӯ,

Лаб чаро баста зи гуфтор фурӯ?

Ин ки ту дидаӣ тамкини ман аст,

Ки бувад одати деринаи ман.

Лек ҳар кас, ки ба ман зарб занад,

Баъд бинад шарари синаи ман [10, 16].

Маҷоз калима ё таркибест, ки дар ғайри маънии аслӣ кор фармуда мешавад, вале аз ваҷҳе ба маънии аслӣ шабоҳат дорад. Маҷозро зидди ҳақиқат гуфтаанд, лекин маънои маҷозӣ ба сари худ ҳақиқатест [ 96, с. 258].

пешина
аз 114
навбатӣ