Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Нест бе ту хонаи ободи ман,

Эй арӯсам, хонаободам бикун [8, 122].

Умуман, ашъори Ҳақназар Ғоиб моломоли санъатҳои бадеии маънавӣ мебошад. Маҳорати сухансанҷии шоир дар он аст, ки шоир мазмунҳои олиро бо обу рангу бадеӣ, равону хушобуранг ба қалам меорад. Дар ашъори шоир қариб ҳама воситаҳои бадеӣ истифода шудаанд. Шоири нуктасанҷу рангинхаёл тавонистааст, ки санъатҳои бадеиро дар ҷою мақомашон истифода намояд. Ашъори ҳикматомези шоир аҳамияти тарбиявию ахлоқӣ доранд.

3.2. Жанрҳо ва шаклу намунаҳои ашъор

Дар Луғати мухтасари истилоҳоти адабиётшиноси жанр чунин маънидод шудааст: Жанр аз калимаи фаронсавӣ гирифта шуда, намуд, навъ, гурӯҳбандӣ ва таснифи дохилии адабиёт ва санъатро мефаҳмонад, жанри ҳамоса – эпикӣ, жанри лирикӣ – ғиноӣ ва жанри драма – театриро ифода менамояд [97, 33].

Ҳақназар Ғоиб нахустин чакидаҳои хомаашро дар жанрҳои хурди лирикӣ: рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, қитъа ва ғайра намунаҳои шеър иншо намудааст ва ин амали хешро то ҳол давом медиҳад. Мавзӯи асарҳои лирикии шоир гуногун буда, паҳлуҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад. Ба гуфтаи адабиётшиноси рус Л. И. Тимофеев, «Литературное произведение есть прежде всего изображение жизни в её конкретности, и целостности, и, как и в жизни, в нем переплетаются самые разнообразные жизненные вопросы» [128, 143].

Дар ашъори адиб ҳамаи навъҳои шеъри лирикӣ дида шуда, мазмунҳои ишқию фалсафаи зиндагӣ бештар мавқеъ дорад. Агар аз ҷиҳати банду баст ба ғазалҳои шоир назар афканем, ваҳдати мундариҷаю шакл дар онҳо риоя шудааст.

Ҳақназар Ғоиб аз солҳои ҳафтодум ба навиштани ғазал оғоз кардааст. Ғазалҳои эҷод кардаи Ҳақназар Ғоиб, хушбахтона, мавриди писанди аҳли қалам ва дӯстдорони каломи бадеӣ гардидаанд. Аксари ашъори шоир бо мусиқӣ ҳамоҳанг аст ва шумораи ғазалҳое, ки оҳангсозони варзида оҳанг бастаанд, хеле зиёд мебошанд, ки ин аз равонии ашъори шоир дарак медиҳад. Ғазалҳои алоҳидаи Ҳ. Ғоиб, аз тариқи садо ва симои шаҳрию вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ тез-тез шунавонда мешаванд. Ғазалҳои ӯ аксар аз 6 –7 байт иборат буда, дар онҳо байтҳои тахаллус низ дида мешаванд:

пешина
аз 114
навбатӣ