Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин дунё хайру шар,

Касе чун ту намедонад.

Чӣ сон бахшидани фарзандҳои пургуноҳашро.

Ту маҳкум кардаӣ хунхории Искандар,

Вале он дам, ки мебурд охирин умед аз дунё,

Ту бахшидӣ гуноҳашро

Саноят бод, эй модар… [10, 141].

Ҳақназар Ғоиб сарвати фразеологии забони модарии худро нағз медонад, аз он фаровон ва басо бамаврид истифода мебарад. Онҳо бо мароми эҷодии шоир созиш ёфтаву мутобиқат намуда, ҳамчун ҳиссаи ҷудонопазири тобишҳои услубии ҳар асар, дар адои вазифаҳои муҳим, аз як тараф, васфи қаҳрамонҳои мусбат, аз тарафи дигар, таъйин ва маҳкум кардани ҳодисаҳои манфӣ нигаронида шудаанд. Онҳо бештар дар сухани муаллиф аз номи қаҳрамони лирикӣ ифода ёфта, туғёни эҳсосоти шоирро ифода мекунанд. Таъбироти «об кардан», «дил аз паси ту», «лабкушодани саҳар», «панҷа задан», «гаҳ дар обу гаҳ дар оташ», дар шеърҳои ишқи «Ба дарат панҷа задам», «Дил аз паси ту», «Тулӯъ ва ғуруб» барои равшанӣ андохтан ва ифоданокии нигоришҳои шоир мусоидат кардаанд.

Ба дарат панҷа задам,

Дари ту боз нашуд,

Раҳам оғоз буд, оғоз нашуд.

Сухани ишқ ба дил мос нашуд,

Соз нашуд…

Аз ҷавонӣ,

Боз гирам домани поки нигор,

Боз чинам гул зи рӯяш,

Боз гирам банди мӯяш.

Маст гардам то зи бӯяш… [10, 69].

Аз шеъри «Ишқи аввал, ишқи охир»:

Гаҳ дар обу гаҳ дар оташ

Бурдиям ҳамчун балокаш,

Даст додиям ту охир,

Ишқи аввал, ишқи охир [10, 51].

Ҳақназар Ғоиб аз таркибҳои халқӣ фаровон истифода бурдааст. Аксарияти таркибҳои халқӣ ба монанди зарбулмасалу мақолҳо барои ифодаи мазмун ва фикру андешаҳои шоир ҳамчун воситаҳои тасвири бадеӣ хизмат мекунанд. Дар ин порчаи шеъри зарбулмасали «Одам аз дуо ва ниҳол аз об месабзад» истифода шудааст:

Дуои хайр мехоҳам, аё модар,

Дуои хайр мехоҳам!

«Ниҳол аз обу Инсон аз дуо ёбад камоли умр»

Шунидам аз забони ту,

Дуоям деҳ, набинам то заволи умр [10, 54].

Ё дар ин ҷо зарбулмасали шинохтани асли хеш истифода шудааст:

Хондаам байти назарҳоро,

Ёфтам ин байт аз дилҳо:

«Ҳар касе, ки хеш бишносад,

Мешиносад ӯ дигарҳоро» [10, 16].

Яъне, дар таркиби зерин шоир овардааст, ки ҳавои бад хуб мешаваду одами бад не.

пешина
аз 114
навбатӣ