Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Истифодаи зарбулмасалу мақол, панду андарзҳои халқӣ дар эҷодиёти шоир мавқеи хосса дорад. Масалан, анъанаи хуби шарқиён баҳри ҳурмат кардани калонсолон ва гуфтори онҳо ба маънии «Дасти калонсолон гир, то ба ҳангоми пирӣ дасти ту гиранд» баён ёфтааст:

Дасти пиреро гирифтан қарзи имрӯзи ман аст,

То ки фардо дастгири хешро пайдо кунам [10, 116].

Шоир чун таронасаро ва навозандаи асбобҳои халқӣ шеъри дилангез месарояд ва ба шеърҳояш оҳанг бастани оҳангсозон ҳам аз содагию равонӣ ва оммафаҳму дилчасп баромадани ашъори ӯст. Ҳангоми аз хонаи падар ба хонаи домод рафтан одатан арӯс ҳамчун нишони падруд гиря мекунад. Шоир дар шеъри «Гиря макун» бо як оҳанги навозишу насиҳат ба арӯсон чунин ишора менамояд:

Лаб занад хандаи мастонаи ту, гиря макун.

Лолаи сурхи фараҳ боз шукуфад ба лабат,

Гул кунад чеҳраи шодонаи ту, гиря макун.

Чӣ кунӣ баъд аз ин шона ба зулфони дароз,

Панҷаи ёр шавад шонаи ту, гиря макун.

Бесамар ҳеҷ намонад ба ҷаҳон киштаи ишқ,

Хӯша бандад зи вафо донаи ту, гиря макун… [10, 117]

Рӯймоли зардӯзию тоқии гулдӯзӣ махсусан ба хатлониён хос аст, ки дар бадеҳаи шоир «Эй гулаки наврӯзӣ» хеле хуб тасвир шудааст:

Эй гулаки наврӯзӣ, меҳмони туям,

Маро чӣ месӯзӣ, қурбони туям.

Писар:

Тӯҳфаи наврӯзат кунам куртаи парпарӣ,

Меҳмони туям.

Духтар:

Пӯшаму хушрӯзат кунам, бача, ки дилбарӣ,

Қурбони туям.

Писар:

Зеби ҷамоли ту кунам рӯмоли зардӯзӣ,

Меҳмони туям.

Духтар:

Тоқита гулдӯзӣ кунам, бача, ки дилсӯзӣ,

Қурбони туям [10, 93].

Як сабаби ширину дилчасп баромадани чунин ашъори шоир шояд панду андарз, зарбулмасалу мақолҳои халқиро бамавқеъ ва дар ҷойгоҳи худ ба кор бурданаш бошад.

Дар забони халқ сухани «Модар ҳама вақт гуноҳи фарзандро мебахшад» ривоҷ дорад. Мутафаккир Дюма ҳамин маъниро ин тавр таъкид кардааст: «Модарон ҳамеша мебахшанд ва гӯё барои ҳамин ба дунё омадаанд» [35, 54].

Ҳақназар Ғоиб ҳам мисли баъзе шоирони сарояндаи образи модар мавқеи модарро дар ҳама ҳолату вазъият баланд гузоштааст, зеро ба фикри ӯ, дили ҳеҷ касе чун дили модар моломоли меҳр нест. Модар гуноҳи фарзандро дида, ӯро танбеҳ медиҳад, аммо оқибат аз гуноҳаш мегузарад, ӯро мебахшад. Дар эҷодиёти шоир ин ҳолатро дар мисоли Искандар хеле хуб дида метавонем, ки гуноҳашро ҷаҳон бахшида натавонист, аммо модар бахшид:

пешина
аз 114
навбатӣ