Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

БОБИ 3. ҲУНАРИ НИГОРАНДАГИИ ҲАҚНАЗАР ҒОИБ

3.1. Сухан аз табиати ашъори шоир

Ҳақназар Ғоиб дар офариниши ҳар шеъри худ аз сидқи дил, бо тамоми ҷиддият заҳмат мекашад. Шоир барои афзоиши фасоҳат ва халқияти эҷодиёташ ҳамеша аз муҳимтарин сарчашмаҳое чун сарвати бепоёни забони халқ истифода мебарад. Ӯ дар маҷмӯаи «Тоҷи офтоб» дар қисмҳои «Ситора ҷуфт-ҷуфт аст» ва «Ба ҳама бахт муяссар бишавад» ҷамъ понздаҳ рубоӣ ва нуздаҳ шеъру таронаҳои тӯёна, зарбулмасал, панду андарзҳои халқӣ ва ҳам расму оинҳои мардумиро эҳё намуда, ба ҳар лаҳзаҳои маросими тӯёна тарона, бадеҳаву суруду рубоӣ навиштааст. Умуман, ашъори шоир аз лафзи ширини мардуми Кӯлоб саршор буда, асолати халқи тоҷик, махсусан мардуми Кӯлобро дар худ таҷассум намудааст. Аз ин рӯ, суханони пурқимати В.Г.Белинскийро дар ҳақи ашъори Ҳақназар Ғоиб лоиқ медонем, ки навиштааст: «Ҳар гуна шеър он гоҳ ҳақиқӣ мешавад, ки халқӣ бошад, яъне агар шахсияти халқи худро таҷассум намуда бошад» [74, 298].

Як хусусияти эҷодиёти шоир аз он иборат шудааст, ки онҳо бисёр сода, равон, оммафаҳм буда, аксар вақт аз эҷодиёти даҳонии халқ ғизо мегирад. Ҷолиби диққат аст, ки шоир ба воситаи образҳои офаридаи худ дар қисми «Ба ҳама бахт муяссар бишавад» намояндагони халқи худро бо маросимҳои тӯёна аз оғоз то анҷоми воқеаҳо ба хонанда равшан зоҳир менамояд. Инро мо аз сурудҳои «Тӯй дар ин хона муборак шавад!», «Эй ҳофизон саройед», «Шоҳ равон аст ба маъвои ёр», «Базми обод муборак бошад», «Пироҳан ба бар кун, вақти рафтан аст», «Бубаро моҳи ниҳон аз хона», «Гиря макун», «Рақс бикун, модари дилбанд, рақс», «Шамс хандида ба даргоҳи падар», «Пештахт», «Ба ҳама бахт муяссар бишавад» дарк карда метавонем. Аҳмад Абдуллоев оид ба эҷодиёти шоир чунин фикр доштааст: «Шеърҳои маҷмӯаҳои дигар ва боби махсуси «Тоҷи Офтоб» бо унвони «Ситора ҷуфтҷуфт аст» гувоҳанд, ки Ҳақназар суруду тарона ва бадеҳаро бисёр манзур мекунад ва ба ин ҷиҳат табиати халқӣ ва рақобати сахти эҷодиёти ӯ бо ҳаёти маишиву эстетикии муосирон ва фолклори онҳо ниҳоят мустаҳкам мебошад» [2, 4].

пешина
аз 114
навбатӣ