Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Силаҳдор гаштам зи панди китоб,
Гирифт аз нав ақлам чу теғ обутоб.
Гирифтам забардастии фаҳму тан,
Зи гурдони кишваркушои Ватан [19, 237].

Вақте ки таъриху адабиёти гузаштаро варақгардон мекунем, мебинем, ки гузаштагони мо чӣ қадар ватандӯст буданд, ба қадри ватани худ мерасиданд ва намегузоштанд, ки пойи нохалафе ба хоки сарзаминамон бирасад. Раванду ҷараёнҳое, ки солҳои охир дар кишвари мо мегузаранд, бештар аз пештар ба дараҷаи аввал чунин самту соҳаҳоро пеш мегузоранд: тарбияи маданият ва маърифати шаҳрвандию ватанпарварӣ, тарбияи ахлоқию маънавии наврасон ва ҷавонон, таълим ва тарбияи таърихию фарҳангӣ ва кишваршиносӣ, ватандӯстӣ, ҳамаи онҳоеро, ки дар навбати худ барои ғанӣ гаштани моҳияту муҳтавои арзишҳои ватандӯстию ватанпарварӣ дар гурӯҳҳои мухталифи наврасону ҷавонон мусоидат мекунад:

Марзи Хуҷанду Зарафшон Ватанам,
Вахшу Хатлону Бадахшон Ватанам.
Қадри ман, қимати ман, ҳиммати ман,
Покии мазҳабу имон Ватанам [19, 279].

Шоир мардумро ба ҳақиқатҷӯӣ, инсонпарварӣ, меҳанпарастӣ, дӯстию бародарӣ даъват мекунад. Ҳамчунин беш аз пеш ба тасвири олами маънавӣ ва ахлоқи поки инсон таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Мо ҳар гоҳ чун ба саҳифаҳои дури таърих ва тамаддун назар меандозем, мебинем, ки Ватан дар эҷодиёти адибони гузаштаю имрӯз бо дарки волои маънӣ, бо ҳусну латофати тоза намудор мегардад. Аз ин рӯ, эътибору эҳтиром ва муҳофизати он ҳамчун муқаддасот ва арзишҳои баланди миллӣ ба ҳар фарди соҳибватан фарз ва қарзи инсонию имонист:

Ватан тоҷи бахти сари миллатам,
Сарири дилу минбари миллатам.
Сириштам зи обу гили поки ту,
Ватан – модарам, Модари Миллатам [19, 254 ].

Калимаи Ватан ба маънӣ ва аз нигоҳи фалсафӣ доманадор аст. Дар ин доира арзишҳои муқаддасоти миллӣ, ба монанди Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Қонуни Асосӣ – ҳар кадом мардумро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи марзу буми он ва садоқат ба миллату халқаш ҳидоят менамояд.

Хулоса, мавзӯи Ватан дар эҷодиёти Ҳақназар Ғоиб ба маънои васеъ ва амиқ омадааст. Барои ӯ мафҳуми Ватан аз ҳар сангу кӯҳ, қатраи об, аз деҳу зодгоҳ, хонаи падар, аз каломи модарӣ сар мешавад. Ва ин мафҳумҳо меҳру муҳаббати бепоёни қаҳрамони лирики шоирро нисбат ба Ватан басо самимӣ ифода кардаанд. Ӯ дар шеърҳои ватандӯстонаи худ масъалаи инсони озод, ки дар ҳама ҳолат шарафи инсонии худро муҳофизат карда тавонад, ба миён гузоштааст, зеро дар онҳо дар ду ҳасрат ва орзуву ормонҳои халқи тоҷик басо равшану возеҳ ба тасвир омадаанд.

пешина
аз 114
навбатӣ