Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

2.3. Тавсифи падару модар

Васфи падару модар андешаҳои шоирро дар ситоиши инсон такмил медиҳад. Падару модар инсонҳое мебошанд, ки бидуни ҳеҷ ситоишу тавсиф ҷовидон мебошанд. Ҳақназар Ғоиб сар то сар абадияту ҷовидонии инсонро дар симои падару модар тасвир намуда, ба ин мазмун ашъори зиёде навиштааст. Ашъори лирикии дар васфи падару модар сурудаи Ҳақназар Ғоиб муҳаббати фарзандро ба онҳо пурра ифода менамояд. Шоир дар ин қабил шеърҳо сафҳаи дафтари ашъорро пур накарда, балки ба амиқии мазмун, бадеияти шеърҳо ва самимияте, ки фарзанд ба азизтарин офаридаи ҳастӣ, ки падару модар мебошанд, диққат медиҳад. Чунин шеърҳо асари мукаммали адабӣ буда, сиришти волои падару модар, мабдаи рушду камол ва маншаи парвозҳои фарзанд буданашонро ба тарзу услуби файласуфона ба қалам додааст.

Мавзӯи модар дар ашъори Ҳақназар Ғоиб хеле барҷаста тасвир ёфтааст. Модарномаҳои шоир аз фалсафаи зиндагӣ ва таҷрибаҳои рӯзгор ҳосил мешаванд. Шеърҳои «Модарам, ҷон модарам», «Дуои хайр», «Модар, гиря макун», «Қарз», «Хазонрез», «Ҷовидон бош, бахт», «Барои падарам», «Падарам», «Ёдгор» ва рубоиву дубайтиҳои ба ин мавзӯъ бахшидашуда самимият ва эҳтироми азими фарзандиро ифода мекунанд.

Дар шеърҳои мазкур хусусияти миллию шарқии падару модари тоҷик, ботини поку беолоиш ва ҷаҳони орзуву ҳавасҳои падару модари рустоӣ мавриди тасвир қарор гирифтааст. Тасвирҳо содаву самимӣ буда, шоир ба ин восита ба хонанда аз ҷавҳари ҳастии падару модар сухан мегӯяд. Ҳар шеър хислат, ахлоқу одоб, русуми падару модари зодгоҳаш, ки шоирро чӣ гуна тарбия карда, ба шоҳроҳи зиндагӣ бо дуои хайр раҳсипор кардааст, нишон медиҳад. Дар шеъри поин эҳтироми фарзанд ба волидайн хеле хуб нишон дода шудааст:

Ҳама оғози ту оғози ман аст,
Рӯҳи ту шаҳпари парвози ман аст.
Такя бар давлати меҳри ту, падар,
Такя бар давлати меҳри Ватан аст.
Тоҷи тиллои давлат ба сарам,
Падарам, эй падарам, эй падарам,
Падарам, эй падарам, эй падарам [10, 132].

Шоир дар мисоли модар ба таври воқеӣ як лаҳзаи зиндагиро пеши назари хонанда намудор месозад. Аз табиати зиндагии тоҷикон бармеояд, ки ҳушу хаёли модар ҳамеша ба фарзанд банд буда, ҳар ҷо ки фарзанд равад, чашм ба роҳ интизорӣ мекашад. Меҳру муҳаббат ва пуртоқатии модарро нишон додан мақсади шоир мебошад. Модароне ҳастанд, ки то кунун дар оташи фироқ сӯхта, фарзандони гумкардаи худро ҷустуҷӯ мекунанд ва бо умед интизорӣ мекашанд ба умеди ширинии дидори фарзанд умр ба сар мебаранд. Лекин бо вуҷуди ин, баъзан аз иттилооту матбуот мешунавему мехонем, ки як қисм фарзандон синаи модарони худро шикофта, эҳтиромашонро доғдор мекунанд. Нуқтаи назари шоир ба ин масъала чунин аст, ки инсон пеш аз ҳама бояд фаҳмад, ки дарду ғами ҳамаи модарон танҳо ғами фарзандон мебошад:

пешина
аз 114
навбатӣ