Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Боиси ифтихори мост, ки суруду таронаҳо ва манзумаҳои шоир ҳамчун гули рӯйи сабад ва меваҳои гуворои пуршаҳд дӯстонро ширинком ва фараҳманд месозад. Ин адиби забардаст таронасарои маҳбуби халқаст. Лирикаи ӯ, ки дар шакли суруду таронаҳои дилкушою дилнишин дар дилу ҳисси оммаи хонандагон ва шунавандагон ҷой гирифтааст, касро зиндадилу рӯҳбаланд мекунад, азму иродаи бунёдкорони ҷомеаро афзун ва мустаҳкам месозад. Муҳаббати софу самимии одамӣ, тараннуми озодӣ ва меҳнати бунёдкорона, ифодаи ҳисси ифтихори шаҳрвандӣ, дӯстӣ ва инсонпарварӣ, ки мундариҷаи асосии лирикаи ватандӯстонаи Ҳақназарро ташкил менамоянд, бо иловаи забону услуби равони халқӣ ва санъати баланди бадеи навишта шудаанд, ки мавқеи ин қабил шеърҳо дар эҷодиёти шоир хеле бузург аст ва лирикаи ӯ, дар ҳақиқат, мазмунан бой, дар нафосат дилнавоз ва мафтункунанда буда, дар таъсиру нуфуз баландпарвоз мебошад. Чунин лирикаи ҳаловатбахшу ватандӯстонаро аз таронаҳои «Суруди Ватан», «Ватан ва халқ», «Ватанам», «Тоҷи ватандорӣ», «Эй Тоҷикистон, эй Ватан» ва ғайра дидану ҳис кардан мумкин аст.

Ҳақназар Ғоиб таърихи муборизаҳои озодихоҳона ва меҳнати бунёдкоронаи халқи тоҷикро бо маҳорати ба худ хос ба риштаи назм кашидааст. Дар лирикаи устод мавзӯю мазмунҳои ахлоқӣ ва ватандӯстона хеле зиёд буда, дар онҳо шоир ватанхоҳӣ, меҳнатдӯстӣ, аҳду вафо, иззату икроми ҳамдигар барин сифатҳои шоистаи инсониро ситоиш менамояд.

Ҳар як миллату халқияти сайёраи Замин аз ибтидои ташаккулёбии худ баҳри пояндагӣ арзишҳои маънавии хешро офарида, бо самимият ва эътибори тамом ва дар арсаи байналмилалӣ шинохта мешавад. Боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон аст, ки баъди соҳиб шудан ба истиклолияти комил бо саъю талош ва ҳидояту раҳнамоиҳои хирадмандонаю беназири Пешвои миллат барои ҳар яки мо арзишҳои миллӣ бо тозаҷӯиҳои маънавию фарҳангӣ дар роҳи ҳаёти нави соҳибистиклолӣ эҳёи тоза бахшида, амалӣ шуда истодааст ва ифтихори худшиносию худогоҳии миллии тоҷиконро боз дучандон меафзояд.

Шоир соҳиби завқи солим, ҳофизаи баланд ва ҷӯяндаи илму дониш буда, вақти азизи худро пайваста сарфи омӯзиш мекунад. Ӯ мисли ташналабони сӯхтадил худро ба ҷӯши дарё мезанад, ба олами илму фарҳанг, фикру андеша, ба олами рангини эҳсосот ва орзуҳои ширини бузургон сар фурӯ бурда, аз зери баҳри беканори илму дониши пешиниёну ҳозирзамон барои худ гавҳар берун меорад. Чунончи,

пешина
аз 114
навбатӣ