Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳақназар шоири бузургу навовар, шоири андешаҳои ширин мебошад, навоварии ӯ дар ифодаҳои тозаву рангини зиндагӣ, ҷӯшиши ҳиссиёти авзои инсон, инчунин дар истифодаи васоити тасвири бадеӣ бештар зуҳур кардааст. Вай, аз як тараф, нисбат ба дигар шоирони имрӯзаи тоҷик бештар ба усули анъанавӣ эҷод карда бошад, аз ҷониби дигар, бо тозагуфторӣ, эҳсосоти баланд, андешарониҳои воқеӣ дар миёни шоирони тоҷик фарқ менамояд. Ва бузургии шоир, ҷаззобияти шеъри ӯ низ дар ҳамин аст, ки адиб рангҳои тозаи рӯзгор, ҳадафҳои муҳимми сиёсию иҷтимоӣ, фалсафаи ҳаёти мардуми замони худро ағлаб дар шаклҳои маъмули шеъри гузаштагони пурифтихорамон моҳиронаю нишонрас ифода менамояд.

Нури чашму нигаҳи мо Ватан аст,
Самти ҷовиди раҳи мо Ватан аст.
Ватан оғози хурӯши дили мо,
Низ оромгоҳи мо Ватан аст [14, 6].

Муҳимтарин ва зеботарин сифати ин ва дигар шеърҳои ба Ватан– Модар бахшидаи устод сухани ҳақ дар васфи ватан, тасвири қудрати маънавию ҷисмонӣ ва ҷамъиятии инсон дар зиндагӣ мебошад. Шоири бузург бо қалами муъҷиза баёни худ, бо як эҳсосоти баланду самимияти беандоза, бо қалби поку ҷӯшон дар бораи Ватан – Модар, чун машъалаи нур пеши назару нигоҳи дил бо маҳорати баланду устодона ва муассир ҷилвагар мешавад.

Агар ба ин масъалаҳо хусусиятҳои нави шакли бадеӣ, санъати дилпазири тасвир ва забони ҷозибаноку ифодаҳои халқии ашъори шоирро илова кунем, боз равшан аён мегардад, ки ашъори Ҳақназар, дар воқеъ, ба мисли Ватани азизу маҳбуби Тоҷикистон даштҳои махмалину сабзпӯш, боғҳои шукуфон, дарахтони пурмеваи рангоранг, чашмаҳои ҷӯшону шаффоф, дарёҳои хурӯшон, обшорони баланд, силсилаи қаторкӯҳҳои нуқрафом ва ҳамчун халқи шарифи он инсонҳои меҳанпарасту бунёдкор дорад, ки дар маҷмӯъ, муъҷизаи заминӣ мебошад. Ва яқин аст, ки устоди сеҳрқалам мисраъҳои аз дилу чон эҷод кардаашро ба ворисони ҳақиқии худ бахшида, хонандагони имрӯзу ояндаро аз мушкилоти зиндагӣ, аз қави иродагӣ, худшиносӣ, садоқату вафодорӣ, ҳунаромӯзӣ, аз дӯстдорию мардонагӣ чунин огоҳ мекунад:

Шукӯҳу тоҷу тахтам Тоҷикистон,
Баландиҳои бахтам Тоҷикистон,
Ту, эй озода даргоҳи биҳиштӣ,
Бароям сарнавиштӣ, сарнавиштӣ.
Кунам шукрона, ки аз обу хокат,
Чу тоҷик обу хокамро сириштӣ [25, 229].

пешина
аз 114
навбатӣ