Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Хеле чуқур шудани ҳиссиёти миллию ватандӯстӣ, ба маротиб боло рафтани он ба ин муносибат тағйир ёфтани мазмуну моҳияти ин мафҳумҳо аз муҳимтарин хусусияти назми имрӯзаи тоҷик мебошад. Дар баробари баланд шудани шуури сиёсӣ ифтихори миллии мардум низ пайваста инкишоф меёбад. Ҳамин тағйироти муҳим дар тафаккур ва шуури мардум дар адабиёт низ осоре мегузорад. Шоирони тоҷик ба урфу одатҳои халқ ба сарзамин ва зодгоҳи худ, ба Ватани бузургу азизаш аз рӯйи фаҳмиши мардуми имрӯз менигаранд ва бинобар ҳамин дар адабиёт мафҳуми Ватану ватандорӣ то андозае тағйир ёфта аз баъзе ҷиҳатҳо басо васеъ ва амиқ шудааст.

Солҳои охир адибони тоҷик ба зиндагии мардуми деҳот бештар диққат медодагӣ шуданд. Тасвири хусусияти хоси деҳоту мардумони он дар эҷодиёти ҳар адиб ҳар хел омадааст. Ҳар адиб хусусияти хоси сарзамини диёри худ ва одамони асилу меҳнатдӯсти онро ба рангу бори миллӣ ба қалам меоварад. Аз тасвири манзараи табиат бисёр хусусияти хоси миллии ҳар халқ аён мешавад. Масалан, барои адибони қазоқу қирғиз ва туркман паҳно ва биёбонҳои васеу бепоён, регзорҳо, шутуру рамаҳои гӯсфанд, гандумзору хиргоҳу авул, барои адибони русу украин заминҳои кишт, ҷангалзору баҳру дарёҳо, табиати зебои дилфиреб, зимистони қаҳратуну роҳатафзо ва ғайра, барои гурҷиҳо токзору буттаҳои чой, барои адибони Доғистону Тоҷикистон ва дигар кишварҳои кӯҳсор кӯҳҳои сар бафалаккашида, пайраҳаҳои борик ва кӯҳсору чашмаҳои хунуку шафофи кӯҳӣ, пахтазор ва амсоли ин хос аст. Дарҳақиқат, нахустин манбаи илҳоми шоир меҳри ватану табиати диёри ӯст ва шояд дар дунё шоире ёфт нашавад, ки зебоиҳои табиати сарзаминашро васф накарда ва мамлакаташро дар дунё аз ҳама беҳтар надониста бошад.

Мирсаид Миршакар оид ба муҳаббати Ватан гуфтааст: «Росташро гӯям, барои ман ибтидои Ватани бузургам аз он деҳаи хурде сар мешавад, ки дар ин ҷо нахустин бор чашм ба дунё кушода, гап задан, роҳ гаштан, ба кӯча баромада баҳамсолонам бозӣ кардан, хубро аз бад фарқ кардан, бо ғаму шодии дӯстонам шарик будан, дӯст доштан ва бад диданро ёд гирифта будам» [44, 3]. Ин андешаҳо дар ашъори шоирони дигар низ аз ҷумла дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарон дида мешаванд.

пешина
аз 114
навбатӣ