Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Шоир бо ҳисси ватандӯстию ватанпарварӣ сухан ронда, хурсандию меҳри худро нисбат ба сарзамини Тоҷикистони азиз баён мекунад. Ватанро иродаву субот, ҳаёту мамот, паногаҳ барои инсон, бақою наҷоти инсон медонад. Ба ақидаи шоир, агар Ватан обод бошад, дилҳо шоду масрур шуда, зиндагӣ пурравнақ мегардад. Ватан нишона аз гузаштагони бофарҳангу бомаданият мебошад:

Туро бояд парастидан ба сони охирин эҳсон,

Туро бояд парастидан чу дини охирин пайғамбари инсон

Туро бояд парастидан ба сони охирин тири дифои хеш

Туро бояд парастидан ба сони охирин ҷанговари майдон [26, 20].

Тасвиру васфи ватан дар эҷодиёти Ҳақназар Ғойиб гуногун мебошад. Шоир ҳаёту мамоти худро баҳри хурсандии тифлон ва осудагии Ватан равона месозад:

Ба хуршеди субҳу маҳи шоми ту,
Манам, ки шудам зинда бо номи ту.
Зи рухат кунад офтоб тулӯъ,
Илоҳо, набинам рухи шоми ту [19, 249].

Масъалаи муносибати мактабу ҷомеа, нақши боризи падару модар дар тарбияи фарзанд, ақидаҳои маорифпарварӣ ва ватандӯстӣ, масъалаҳои шуури миллию, хештаншиносӣ дар осори шоирони гузашта дар шакли насиҳатнома ба фарзанд, дастурҳо барои подшоҳон ва умуман дар осори бузургон дучор мешавем. Ҳар як инсон ҳамчун шахси ватанпарвару инсондӯст бояд аз марзу буми хеш дифоъ кунаду пуштибони он бошад. Барои инсони ҳақиқӣ ватандор будан шараф аст. Аз ин рӯ, ҳимоя кардани он барои ҳар шахс қарзу фарз мебошад.

Хоре бихалад агар ба ҷони ту,
Озурда шавад зи дард ҷони ман.
Ман кӯчакаму бузургиям бо туст.
Амнияти ту сари амони ман [13, 38].

Сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо ақлу хирад ва дониш аст. Тавоноии ҳар инсон, обрӯ ва эътибори ӯ маҳз ба илму дониш вобастагии қавӣ дорад. Агар шахс дониш дорад, ватани худро эҳтиром мекунад, арзишҳои илмию фарҳангиашро ҳифз менамояд, ҳамеша дар дифои он зиста, бар душмани хеш ғолиб меояд. «Ба ҳамин маънӣ, инсон бояд дар байни «Ватан» ва «Модар» дар ҳурмат ва муҳаббат ҳеҷ фарқ нагузорад, дар назди ӯ аз «Модар» ва «Ватан» як чиз мафҳум аст, ки муҳаббат ба ӯ ва ҳимоят кардани ӯ ба ҳар як фарзанд, ба ҳар як шаҳрванд қарзу фарз мебошад. Дар ҳақиқат модари ҳақиқӣ Ватан аст!» [58, 130].

пешина
аз 114
навбатӣ