Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман тоҷикаму форсу даригуфторам,
Дар як Ватани бузург маъво дорам.
Эй ки нашиносиям, ту бишинос моро,
Бар захми тани Геви ту Сино дорам [26, 44].

Ҷиҳати хуби ашъори дар васфи Модар–Ватан сурудаи шоир он аст, ки дар онҳо ҳақиқати зиндагӣ тасвир ёфта, модарро аз Ватан ва Ватанро аз модару деҳаи Офтоблиқо ҷудо наменамояд. Муҳаббати беинтиҳои шоир ба зодгоҳу ватанаш ҳамзамон дар шеърҳои «Ёд меоӣ», «Шаҳри ман», «Қатраи офтоб», «Зиндаем, бо Тоҷикистон зиндаем», «Эй ватан», «Тахти Сангин», «Тоҷи офтоб», «Шоҳин» ва ғайра хуб баён шудаанд.

Мо дар манзумаи «Ҳасрати Эйнштейн» мебинем, ки шоир хонандаро ба инсони аламдида, ранҷкашида ва бахтбаргаштае, ки барои хушбахтӣ ва беҳбудии зисту зиндагонии мардуми олам мекӯшад, шинос менамояд. « Қаҳрамони лирикии асар аз номи Эйнштейн руҷӯъ намуда, бо факту рақамҳо ба хонанда як ахбори нав медиҳад. Инсонеро ба тасвир меорад, ки бо машаққати зиёд дари ақлу хирадро кашф менамояд, то ки тахти заррин насиби инсон гардад» [117, 54]. Ҳурмату эҳтироми ба шеър доштааш, қудрати шоирӣ ва ҳунари эҷодӣ, тақдири таърихи Ватану миллат, сарнавишту зиндагӣ, худогоҳию худшиносии миллат ва бузургдошти инсон ҳамеша вирди забони ӯст. Нависанда Абдулҳамид Самад аз ҳунари ҷавонмардии Ҳақназар Ғоиб дар мақолааш «Гирифтори қаламрави сухан» гуфтааст: «Дар навиштаҳои Ҳақназар Ғоиб бунёди худшиносӣ ва ифтихори миллӣ рӯҳу иродаи солим, ҳақталошию меҳанпарастӣ қавист. Шоир масъулияти миллӣ, сулҳу осоиш ва ифтихори ватандориро ҳамеша дар ҷойи аввал мегузорад ва бақои давлату миллати тоҷикро дар пойдории ҳамин рукнҳо мебинад» [14, 85].

Ӯ дар шеъри «Ватан, эй модари модар» ҳиссиёту ҳаяҷон ва умеду орзуи худро баён кардааст. Шоир тамоми ҳастии худро баҳри Ватан ва ҳифзи он равона карда, қалами худро ҳамеша дар васфи ин марзу бум сарф мекунад ваба оянда бо орзуи нек менигарад:

Дар ин дунё касе бе модаре н-ояд,

Ба ҳар ҷо соҳиби модар тавонӣ буд.
Ба ҳар ҷо соҳиби ин меҳри ҷонпарвар тавонӣ буд,
Вале соҳибватан як умр бе Меҳан натонӣ буд.
Ба он сурат, ки бе ҷонҳеҷ соҳибтан натонӣ буд.
Ватан, эй модари модар,
Ватан, эй модари аз модари маҳбуб болотар [30, 20].

пешина
аз 114
навбатӣ