Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Эҷодиёти Мирзо Турсунзода аз афкор ва ғояҳои олии башардӯстӣ саршор аст, вале башардӯстии ӯ аз ҳамон миллияти чуқури ашъори ӯ сар задааст. Ин гуна ашъори ватанхоҳонаи ӯ шаклу мазмуни тоза касб карда, дигаргунии куллӣ ба вуҷуд овардааст. Дар ҳар асари ӯ як ҷиҳати муҳимми Ватани паҳноварамон ва меҳру муҳаббати хоси фарзандон ба он ифода шудааст.

Ватан чист ва чаро одамон, хусусан шоирон ва қаҳрамонони лирикии онҳо онро дӯст медоранд? Ба ин савол М.Турсунзода ин тавр ҷавоб гардондааст:

Хонаи осудаю умедгоҳи мо бувад,
Маскани осоиши пушту паноҳи мо бувад.
Чун падар, модар, бародар, такягоҳи мо бувад,
Мухтасар, ҳам ҳомию ҳам иззу ҷоҳи мо бувад…[47, 29].

Ба ин саволи қаҳрамони лирикӣ устод Ҳақназар низ ин тавр ҷавоб додааст:

Нури чашму нигаҳи мо Ватан аст,
Самти ҷовиди раҳи мо Ватан,
Ватан оғози ҳаёти ману ту,
Низ анҷомгаҳи мо Ватан аст [26, 155].

Ҳабиб Юсуфӣ дар замони ҷанги фашизм вазифаи муқаддаси шоиронро аз эҷоди ашъори ҷанговарона иборат медонист:

Ватан гирифта саросар намуди ҷанговар,
Биёр, шоири тоҷик, суруди ҷанговар! [58, 130].

Ва таъсири ин шеър дар ашъори Ҳақназар ҳам дида мешавад:

Худоё, дилам косаи хун шуда,
Ба чашмам ҷаҳон чархи ворун шуда…[10, 25].

Мафҳум ва мавзӯи Ватан дар эҷодиёти адибони тоҷик торафт васеътар, мушаххас, амиқтару пурқувваттар мегарданд. Барои Лоиқ ҳам Ватан аз чизҳои хурд, аз гаҳвораю пистони модар, аз остонаю нардбоми хонаи падар оғоз ёфта, то дараҷаи Ватани умумӣ расидааст. Меҳру муҳаббати Лоиқ ба Тоҷикистон ва ҳар санги он дар рубоии зерин низ самимӣ ифода ёфтааст:

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан ба мисли ҳайкал зебост.
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост [41, 18].

Танҳо дар мисоли ашъори ватанхоҳии шоирони тоҷик дида мешавад, ки онҳо дар офаридани образи Ватан, баёни муҳаббати қаҳрамони лирикӣ ва умуман ҳар фарди ҷамъият роҳу услуб ва воситаҳои нави образофариниро ҷустуҷӯ мекунанд. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки шеъри онҳо образноку таъсирбахш ва драмавист, тамоми ашъори онҳоро лиризми пурҳаяҷону пурқувват фаро гирифтааст, ки хонандаро мутаассир мекунад.

пешина
аз 114
навбатӣ