Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Қувват гирифтани бунёди фалсафаи шеър дар солҳои шасту ҳафтод рубоӣ ва дубайтиро фаъол гардонид. Жанрҳои мазкур аслан аз муҳимтарин воситаҳои ифодаи панду ҳикмат, мазмунҳои ахлоқию иҷтимоӣ ва фалсафӣ буданд. Аслан рубоисароӣ пешаи ҳар кас нест ва ҳар шоир дар рубоӣ комёб намешавад. Шоири рубоигӯй бояд дар чаҳор мисраъ як фикри амиқи фалсафиро бо санъати зебо ифода намояд. Рубоию дубайтӣ дар эҷодиёти Ҳақназар Ғоиб бештар мавқеъ дорад ва яке аз шаклҳои шеърии дӯстдоштаи ӯ ба ҳисоб меравад: Ҳадиси лаъли ӯ девонаам кард,
Чароғи рӯйи ӯ парвонаам кард.
Шавам то хонашини ишқи покаш,
Дар ин шаҳри калон бехонаам кард [14,75 ].
Ҳақназар Ғоиб рубоию дубайтиро ҳамчун як воситаи муҳимми баёни афкори иҷтимоӣ, панд ва софкории ахлоқ, умуман фалсафаи зиндагӣ медонад. Қариб дар ҳар рубоию дубайтии ӯ як ё чанд факту воқеаи зиндагии гузаштаю имрӯза, моҳияти як масъала ва рӯйдоди муҳимми ҳаёт ифода ёфта ва хулоса баровардааст. Баъзе рубоиёту дубайтии ӯ гӯё мазмуни нав надорад, гӯё такрори фикри классикон аст, вале кас агар бо назари диққат нигарад, пай мебарад, ки он фикри дар назари аввал куҳна хулосаи ҳаёту зиндагии имрӯзаи мост. Бисёр лаҳзаҳои зиндагии инсон такрор меояд ва аз он шоир хулосаю ҳукме мебарорад ва ин шояд ба хулосаи фикри шоири пешин мувофиқ афтад. Ҳақназар Ғоиб дар рубоиёту дубайтиҳояш, пеш аз ҳама, дар хусуси қадру қимати инсон, умри инсону ғанимат донистани он, аз хусуси ҷавонмардӣ, одамгарӣ, хоксорӣ, ошиқӣ ва амсоли инҳо сухан гуфтааст, ки мавзӯъҳои ҷовидонии зиндагӣ ва шеър мебошанд. Ин мавзӯъҳо ҳеҷ гоҳ куҳнагӣ надоранд ва барои ҳар давру замон ва ҳар насли одамизод заруранд. Ҳақназар Ғоиб ҳамин мавзӯъҳои «куҳна»-ро дар замони нав ба таври тоза дарк ва эҳсос карда, хулосаи шоирони пешинро бо хулосаи аз ҳаёт ҳосилкардаи худ омезиш дода, ба хонанда пешниҳод кардааст ва бисёре аз ин хулосаҳо натиҷаи мушоҳидаҳои шахсии худи ӯст, аз ин ҷиҳат ба назар тозаву замонавӣ менамоянд:
Ҳар субҳ ба раҳ фитода гавҳар ҷӯйем,
Ҳар шом ғубори гарди раҳ мешӯйем.
Мо навсафарони олами умедем,
Бошад раҳи дури орзуро пӯйем [10, 163].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор