Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Дарёб барорат зи барори ҳама кас,
Пешомади кори худ зи кори ҳама кас.
Бар тири бало танат фикан, эй оқил,
То ёбӣ ҷой дар қатори ҳама кас [14, 12].
Ҷараёнҳои иҷтимоиву равонии айёми мо мазмуни фалсафии адабиётро қувват дода, анъанаҳои шеъри классикиро фаъол гардонд. Андарзгӯию ҳикматписандӣ, ки ҳарчанд реша аз замонҳои қадим доранд, имрӯз дар шеъри мо ба таври тоза ва мутобиқи талаботи рӯзгори нав идома меёбад. Пояи асосии мазмуни фалсафии шеъри имрӯзаро андешаҳои доманадоре дар сари моҳияти замони мо ташкил менамояд. Ин мақсад шоирро дар хусуси инсон ва моҳияти зиндагии ӯ, дар бораи симои маънавию ахлоқии шахс, ки ӯ чӣ гуна бояд бошад, ба андеша мебарад. Дар натиҷа, бисёр масъалаҳои муҳимми умумиинсонӣ, ки аз қадим мавриди мулоҳизаҳои пурдомана қарор меёфтанд ҳамчун ишқ, меҳру муҳаббат ва дилбастагӣ, зиндагию марг, одамию ноодамӣ, мардӣ ва номардӣ, мубориза ва озодӣ дар шеъри имрӯз ҳар чӣ бештар сар медароранд:
Гули мақсад начида меравам ман,
Ғами олам кашида меравам ман.
Бизистам бо хаёли роҳат, афсӯс,
Зи кас роҳат надида меравам ман [14, 76].
Қаҳрамони лирикии Ҳақназар Ғоиб худро муаззаму иқтидорманд мебинад, ки ҷаҳонро ба оғӯш гирифта ва худ низ дар оғӯши ҷаҳон аст. Ин ҷо масъалаи масъулиятшиносии шахс низ ба миён омадааст. Афзоиши бузургӣ ва иқтидори инсон дар замони мо ҷавобгарии маънавию ахлоқии шахсро боз зиёдтар менамояд. Ҳоло ки аз дасти инсон ҳар кор меояд, бояд коре кард, ки ҷаҳон дар оғӯши ӯ фишор набинад ва нафасгардон нашавад. Ин андешаҳо дар бисёр маврид изтиробангез аст. Хавфе, ки дар айёми мо ба сари инсоният овардааст, қувваҳое метавонанд маҳсули ақлу идроки одамиро ба зарари худи ӯ истифода кунанд, қалби ҳассоси қаҳрамони лирикиро ба ҳаяҷон орад ва ҳангоми муайян кардани моҳияти замон чун омили муҳим амал кунад.
Дар шеъри Ҳақназар Ғоиб мавзӯи худшиносӣ нисбатан мукаммал ва аз паҳлуҳои гуногун таҳқиқ шудааст. Дар маркази диққати ӯ зиддиятҳои ботинии табиати инсон қарор гирифтааст. Ҳамин тариқ, дар баробари рушд гирифтани мавзӯи ишқ оҳангҳои фалсафӣ дар ашъори Ҳақназар Ғойиб мавқеъ пайдо кардааст, ки қаҳрамони лирикии ӯ ба масъалаҳои зиндагӣ ва табиати одамӣ амиқу ҳамаҷониба назар андохта, моҳияти аслии ҳодисаҳои зиндагӣ ва ҷаҳони пурасрори инсонро фаҳмидан ва ба ҳамзамонон кушодан, ҳар рӯйдоди ҳаётро ба таври худ таъбир кардан мехоҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор