Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Одатан насиҳатгар вақте ба насиҳат сар мекунад, ки синну солаш ба ҷойе расида, аз зиндагӣ таҷрибаи кофӣ ва дониши фаровон ҳосил карда бошад, ӯ хулосаҳои зиндагиро ба ҷавонон, ба ҳамзамонон ва наслҳои оянда чун ҳикмат пешкаш менамояд. Насиҳатгӯӣ кори саҳл ва пешаи ҳар каси ҳавасбоз нест. Ба қавли Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, барои насиҳат гуфтан «шоир бояд мутафаккир бошад. Вай бояд ҳамеша дар бораи ҷамъият ва инсон фикр кунад ва натиҷаҳои ҳамин фикру мулоҳизаҳои дуру дарозро ба ҳукми хонанда пешкаш намояд... Танҳо шоире, ки доираи назараш васеъ ва олами эҳсосоташ пурсарват аст, моҳияти ҳодисаҳои гуногуни ҳаётро дуруст муайян карда метавонад ва шеъри ӯ фикрҳоро бедор, дилҳоро ба ҳаяҷон оварда, тахайюлотро парвоз медиҳад. Ин гуна шеър дар зеҳнҳо ҷо мегирад ва мумкин аст, ки роҳбари ҳаёти бисёр одамон гардад. Агар шеър комилан ҳаётӣ ва зодаи табъи салим буда, аз роҳи фикру ҳисси баланде ба забон омада бошад, бешубҳа, дар зиндагии мардум, дар тарбияи фикру ҳисси онҳо амалеро иҷро хоҳад кард» [151, 212].

Бисёр шеърҳои охири умр эҷод кардаи Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар ва баъзе шоирони дигар аз ҳамин қабил мебошанд ва чунин вазифаро иҷро менамоянд. Дар ҳақиқат, панду ҳикмати онҳо зеҳнҳоро сайқал дода, касро ба ҳаяҷон меорад, афкори хонандаро сарват мебахшад. Агар дигар шоирони насиҳатгар дар овони пирӣ, баъди ба ҷойе расидани синну сол ба навиштани асарҳои ҳикматангез шурӯъ карда бошанд, баъзе дигар шоирон, махсусан шоирони нисбатан ҷавон ба мисли Ҳақназар Ғоиб аз аввал, аз ҷавонӣ ба навиштани чунин шеърҳо рағбат доштааст. Ҳақназар аз хурдсолӣ, аз аввалин қадамҳои эҷодиёташ хонандаро ба фикр кардан водор мекард ва нахустин шеърҳояш ҳам тааммуқкорона навишта шуда будааст. Рубоию дубайтӣ аз қадимулайём барои классикони мо шакли муҳимтарин воситаи ифодаи панду ҳикмат ва мазмунҳои фалсафӣ будааст. Ин майли тоза аз пурзӯр шудани назари таҳқиқу таҳлил, кӯшиши тадқиқи қаъри дили инсон, нозукиҳои табиату хислати ӯ, парвози андешаҳои вай сар мешуд. Шоири тоҷик ҳарчи бештар рӯйдодҳои нави ҳаётро ба андеша гирифта, мақоми инсонро дар дигаргуниҳои азими инқилобӣ муайян мекард. Фаъолиятмандии маънавии шахс яке аз муҳимтарин падидаҳои иҷтимоии ӯст, ки ба зиндагӣ, ба олам, ба масъалаҳои иҷтимоиву ахлоқии замон ҷиддитар диққат медиҳад. Афзоиши нақши шахс дар ҷамъият фикру андеша, ҳиссиёту ҳаяҷони ӯро дар адабиёт устувор мекард, ба ҷустуҷӯйҳои маънавии ҳамзамонон, фикри моҳиятҷӯй ва тафаккури фалсафаи онҳо роҳ мекушод. Ҳақназар Ғоиб гуфтааст:

пешина
аз 114
навбатӣ