Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале ҷойи таассуф аст, ки аз ин омезиш қавме ба дунё меояд, ки модари ориёии хешро намешиносад ва ба қавми модарияш назари душманона мепарварад. Дар ҳамин қисм чӣ гуна қурбониҳо дар роҳи модарони ҳақиқӣ, ки имрӯзу фардои инсон дар дасти онҳост, сурат гирифтааст. Ҳифзи Ватан барои поси духтарони бокира, барои фарзандони оянда, барои модарони онҳо зарур аст. Ҷанг васлро ба фироқ, умедро ба нокомӣ табдил медиҳад ва ишқи инсонии онҳоро барҳам мезанад. Ҳамаи ин қурбониҳо барои ҳаёт аст. Аз ин ҷо бармеояд, ки бузургии ҷаҳон инсон буда, пояи бузургии ӯ меҳру садоқат ва ишқ аст. Достон нотамом мемонд, агар Ҳақназар Ғоиб дар фуроварди он фаслеро ба унвони «Охирқиссаи Ҷалолиддини диловар» илова намекард. Бояд таъкид намуд, ки боби номбурда, аз ҷиҳати достоннигорӣ, маъною тасвир ва мақсадгузорӣ асарро пурра ва мукаммал гардондааст.

Фасл мазмунан бо афкори панду андарз бунёд ёфтааст, ки асоси онро эҳтирому бузургдошти халқу ватан ва бузургони он ташкил менамояд. Ва барои пойдории Ватану бақои қавму миллат лозим аст, ки ба қадри сарону пешвоёни худ бирасем. Аз ҷониби дигар, бо вуҷуди он ки порчаҳои ғаноии достон аз забони Ҷалолиддин баён мешавад, шоир дар фасли мазкур чун тарғибкунандаи иттиҳод ва ягонагии ҳар қавму миллат хулосаҳои амиқи файласуфона мебарорад, ба эътибор гирифтани андешаҳои ҳакимона рушду камоли халқу миллатро нишон медиҳад.

Достон ва манзумаҳои адиб, ғолибан, мазмуни таърихӣ ва фалсафаи ба худ хос доранд ва шоир дар ин нигоштаҳо таърихро ҳамчун оинаи ибрат барои худшиносии имрӯзиён ба риштаи тасвир кашидааст. Мақсади шоир аз баёни пораҳои ибратбахши таърихӣ қиссагӯӣ ва таърихнигорӣ нест, балки ҳодиса ва рӯйдодҳои алоҳидаи гузаштаро ҳамчун маводи афкори иҷтимоӣ, фалсафӣ ва маъниофаринӣ дар боби хештаншиносии миллӣ ба кор бурдааст. Ин порчаҳои таърихӣ ниҳоят пандомӯз ва ҳикматнок мебошанд. Ҳикмату фалсафа дар достонҳо хушку холӣ ифода нашуда, ба хонанда аз рӯйи мазмун ва баёни ҳолатҳои ботинӣ фоҷеаҳои алоҳидаи таърихӣ мазмунҳоеро ба саҳнаи андеша ба ҷилва меорад, ки имрӯз мо бо кадом роҳҳо ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандории хешро муҳофизат карда тавонем. «Фалсафаписандӣ ва ҳикматпарварӣ,–таъкид кардааст академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, – аз муҳимтарин хусусиятҳои шеър буд, оҳанги публитсистӣ, муроҷиат ба умдатарин масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, ба мазмуни фалсафии шеъри тоҷик сифатҳои нав илова кард ва ба он як навъ бурроӣ ва тезию тундии махсуси иҷтимоӣ ато намуд» [153, 7].

пешина
аз 114
навбатӣ