Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз «Шоҳнома»:
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем [48, 236].
Аз шоир:
В-агар аз ҷаҳон субҳу шоме равем,
Бубояд, ки аз он ба номе равем.
Чунон ҷанг бояд, ҳатто ба гӯр
Ба ҳуду ба теғу наёме равем [19, 202].

Яъне, достони «Эҳёнома» сурӯши таърих аст, ки саҳифаҳои рангини қаҳрамонии халқи тоҷикро дар мисоли қаҳрамонии Темурмалик барои нангу номи ватандорӣ дар маърази андеша мегузорад. Дар достон аз хиёнати шоҳи кишвар Хоразмшоҳ ва дигар аъёну ашрофи худӣ, тоҷирону саркардагон, дар мисоли Аҳмади Хуҷандӣ ёд шуда, ки бо нияти зишту нопок, ҳиссиёти буздиливу тарсончакӣ, рафтору кирдори ватанфурӯшонаи худ ғалабаи чингизиёнро бо тезӣ таъмин намудаанд. Аммо Темурмалику Ҷалолиддин дар роҳи дифоъ намудани Ватан ҷони худро бо муҳаббати бепоён ба ватан фидо кардааст. Ба ин маънӣ, фаслҳои «Ҷилои ватан», навҳаи ноболиғдухтарони бокира, «Навҳаи Темурмалик дар бенишон ғойиб шудани Ҷалолиддини диловар» аз ҷонгудозтарин қисматҳои достон ба ҳисоб мераванд.

Дар қисмати «Навҳаи Темурмалик дар бенишон ғойиб шудани Ҷалолиддини диловар», ки Темурмалик баъд аз муборизаҳо ва нобаробарии қувваҳои тарафайн, тарк кардани ватан дар як шабохун рух додааст, назар ба дигар порчаҳо боз ҳам ҷонгудозтар менамояд. Шоир дар ин навҳа ҳолати гудозишро чунин баён кардааст:

Фиғонам зи ҷон мебарояд, зи ҷон,
Фурӯ мезанад бар сарам осмон.
Дареғат, дареғат, дареғат ҷавон,
Дареғат ҷавон! [19, 210]

Дар бораи фоҷиаи ноболиғдухтарони бокира бетарафона буда наметавонем. Порчаҳои бадард навиштаи шоирро хонда, чунин фикр мекунем, ки ҳодисаҳо худи ҳамин рӯз рух дода истодаанд. Масалан, ҳангоми 14 ҳазор духтари бокираро дар Ҳирот дар асирӣ гирифтани муғулон оҳу нолаи дӯшизагони ормониро чунин баён намудани шоир имрӯз низ моро бетараф намегузорад. Вале қисмат онҳоро бо ҳамаи ин ҳусну зебоӣ асири душмани бераҳму худонотарс гардондааст:

Аё хоҳарони маҳи чордаҳ…

Зи қисмат фитода ба ҳоли табаҳ…
Шукуфта гули рӯятон дар ҳиҷоб,
Надида тани покатон офтоб,
Надида касе меҳру оғӯшатон,
Тани симгину лаби нӯшатон [23, 294].

пешина
аз 114
навбатӣ