Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳанӯз соли 1983 адабиётшинос Абдурраҳмони Абдуманнон эҷодиёти шоирро таҳлил карда, гуфта буд: «Шеърҳои Ҳақназар Ғоиб то имрӯз камтар диққати аҳли танқидро ба худ кашида бошанд ҳам, кайҳо писанди хонандагону оҳангсозон гардида, ба ашъори ин шоир оҳанг баста, таронаҳои дилнишин сохтаанд. Шеърҳои Ҳақназар аз меҳри гарми гӯяндаи он ба зиндагӣ ва инсон, аз нигоҳи гарми ӯ ба рӯйдодҳои рӯзгор баҳравар буда, ҳам эҳсосу афкори хонандаро меангезад, ҳам симои шоирро муайян мекунад» [52, 44]. Ин баҳо ба ҳамаи таълифоти пур аз ғояҳои инсондӯстонаи шоир мансуб мебошад.

Муҳаққиқи эронӣ Муҳаммадризо Тоҷдинӣ дар як нишасти адабӣ аз мақолаи дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» ба нашр расидааш ёдовар шуда гуфтааст: «яке аз китобҳое, ки маро батамом шефта сохт, осору ашъори устод Ҳақназар Ғоиб аст, ки реша дар худшиносии миллӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дорад. Ва дар ҳақиқат, афроштани парчами дубораи шеъри Фирдавсӣ ба дӯши Ҳақназар ва Ҳақназарҳост. Ва ба нигоҳи камина дар Тоҷикистон як Лоиқ Шералӣ буда ва як Ҳақназар Ғоиб дар радифи устод Муъмин Қаноат ва устод Гулрухсор ва аз ин дигар бештаре нест» [130, 5]. Абдулҳайи Қаландар дар ин қатор номи Бозор Собир, Гулназар ва Низом Қосимро ҳамчун қаламкашони номӣ ҳамроҳ кардааст. Агар гуфтаҳои донишманди эронӣ Масъуди Ирфониёнро ҳам ба ин мулоҳизаҳо ҳамроҳ кунем, бо ном гирифтани Ҳақназар чеҳраи як шоири ҳамзамони мо бо ҳунари тоза намудор мегардад. М. Тоҷидинӣ номи Ҳақназар Ғоибро дар сафи бузургони зикршуда гирифта, осорашро ба шоирони шинохтаи Эрони муосир чун Манучеҳри Оташӣ, Орифи Қазвинӣ, Симини Беҳбаҳонӣ, Фаррухии Яздӣ, Мирзодаи Ишқӣ ба андеша гирифта навиштааст: «Ҳақназар Ғоиб усулан шоири маънигарост, маънигароиро ба ақлу андеша пайванд мезанад ва мутолиоти таърихию таҷориби шоиронаашро ҳама дар хидмати маънию мафҳум мегирад ва суратро дар сират тарҷеҳ медиҳад.

Аммо дар айни ҳол аз зарофату хаёлпардозӣ ва ибдооти адабӣ ва орояҳои лафзию маънавӣ ғофил нашуда, маонии шеърашро бо зеварҳои балоғӣ меорояд...» [130, 4]. Масъуди Ирфониён аз «ду асари кӯчак, вале пурмояю пурбор»-и Ҳақназар Ғоиб «Қиссаи аспи хатлӣ» ва «Навҳаи Фирдавсӣ ба марги Рустам» дар маҷаллаи ҳаҷман бузурги «Бухоро» мухтасар маълумот дода, аз ҷумла менависад, ки аз ду китобчаи ба ҳуруфи форсӣ чопшудаи ӯ «бӯйи дилангези меҳр ба сарзамини ниёгон, фарҳанг ва асотир ба машом мерасад ва инсонро ба «шӯру ваҷд меоварад» [36, 171]. Масъуди Ирфониён аз пурмуҳтавоӣ, нишонрасӣ ва мазмуни баланд доштани шеъри Ҳақназар Ғоиб, ҳамчунин шеъри «Қиссаи аспи хатлӣ» ёдовар мешавад.

пешина
аз 114
навбатӣ