Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии адабиёти имрӯзаро бо гузашта дар қолибҳои бузурги ҳунарӣ ба назари таҳқиқ гирифта, гуфтаанд: «Адабиёти муосири тоҷик анъанаҳои неки адабиёти ҳазорсолаамонро бо забони шевою сухани воло, тараннуми ватандӯстиву инсонпарварӣ, ҳувияти миллӣ ва озодиву истиқлолият идома дода, дар тарбияи маънавии ҷомеа саҳми сазовор дорад» [107, 34].

Шоир ва муҳаққиқи эронӣ доктор Алиризо Қазва низ навиштааст: «Дар миёни насли чаҳоруми шеъри тоҷик шоироне чун Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар, Ҳақназар Ғоиб, Ҳабибулло Файзулло, Аскар Ҳаким номҳои шинохташудае ҳастанд. Ин насл нисбат ба наслҳои қабл аз худ насли ҳаракат ва такопӯст, насли навгаро, навандеш ва насли соҳиби таҷрибаҳо ва соҳиби сабкҳост» [83, 42].

Эҷодиёти Ҳақназар Ғоиб ҳамчун шоир, ёддоштнавис, рӯзнома нигор серпаҳлую пурмуҳтаво мебошад. Аз рӯйи таҳқиқ ва суҳбатҳои бо шоир гузарондаамон ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки шоир бо вуҷуди нашри зиёди китобҳо ҳанӯз баъзе шеърҳое дорад, ки чоп нашудаанд.

Мақолаҳои зиёди Ҳақназар Ғоиб ҳам дар бораи устодони сухан ҳамчун шоирон Аминҷон Шукӯҳӣ, Жола Бадеъ, Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ, Ашӯр Сафар, насрнависон Қувваталӣ Холов, Меҳмон Бахтӣ, мақолаҳои тарҷумаиҳолии «Андак дар бораи худам ва дигарон», шеъру ёддоштҳо дар бораи сардабири собиқ рӯзномаи «Маориф ва маданият» Бӯринисо Бердиева, даҳҳо дигар навиштаҳо ба мисли сафарномаҳои Ҳамадон, Табрез, Шероз, Теҳрон, Машҳад, Душанбе, Туркия ва зиёрати оромгоҳи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ то ҳанӯз дар шакли китоби ҷудогона чоп нагардидаанд. Бо вуҷуди шоири бомаҳорат ва дорои осори зиёди арзишманд будан эҷодиёти шоир то алҳол ба таври муфассал омӯхта нашудааст.

Дараҷаи омӯзиши мавзӯъ. Ба ашъори дилнишин ва пурмуҳтавои Ҳақназар Ғоиб суханшиносони ватанӣ ва хориҷӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, осори ӯро дар радифи саромадони шеъри тоҷик медонанд. Мақолаҳои Абдурраҳмон Абдуманнонов «Сурӯши таърих» (1980), М. Тоҷдинӣ «Аз «Шоҳнома то «Эҳёнома» (1980), «Ҳақназар Ғойиб аз табори Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ» (2013), Шоҳвалӣ Саидҷафаров «Сабз гардад як ниҳолу орзу» (1996), Абдунабӣ Сатторзода «Ҳақназар ва шеъри нарми ӯ» (2013), Мирзо Мулоаҳмадов ва Абдулҳай Қаландар «Шарқу Ғарби тифли як гаҳвора аст» (2017) ашъори Ҳақназар Ғоибро муфассал баррасӣ намудаанд.

пешина
аз 114
навбатӣ