Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Муҳаққиқ Абдулҳай Қаландар дар китоби «Тоҷик ва тоҷи офтоб» ба ашъори Ҳақназар Ғоиб таваҷҷуҳи бештаре зоҳир намудааст. Муҳаққиқ мақолаҳои доир ба эҷодиёти шоир навиштаро дар се китоб якҷоя бо шоир «Се назар ба шеъри Ҳақназар» [2010], «Шоире бо китобу сабки худшиносӣ» (ё «Арзишҳои миллӣ ва адабӣ дар шеърҳои Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб» [2013], «Тоҷик ва тоҷи офтоб» [2015] гирдоварӣ кардааст. Аз ҷумла, Абдулҳай Қаландар кӯшидааст, ки фалсафаи худогоҳии Ҳ. Ғоибро бо рангрезиҳои дунёи маонӣ, бинишҳои тозаи шоиронаи адиб кушоиш бахшад. Ин аввалин тадқиқи ҳамаҷонибаест, ки олами ботинии шоирро бо диди нав ва нисбатан мукаммал фаро мегирад. «Устод Ҳақназар дар шеър ва ишқи миллату Меҳан якрӯй аст ва тамоми китоби «Дар бистари гарми гул» дар боби «Муқаддаснома» ва дар ин чаҳормисраъйӣ ҳалқаи пайванди замонҳо, тоҷик, ки номаи муқаддас ба имрӯзу фардои миллат аст, таъбир мешавад, он гуна, ки аз нигоҳи муҳаққиқон дар ҳаждаҳ байти «Бишнав аз най, чун ҳикоят мекунад», тамоми китоби «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ таъбир шудааст. Ӯ аз ҳамин нигоҳ фикрашро тақвият дода, иброз медорад, ки ин чаҳорпораро метавон дар 14 саҳифа ва беш аз он шарҳ дод [86, 7]. Мунаққид ва адабиётшинос Атахон Сайфуллоев дар ҳавзаи бузурги адабиёти форсӣ ҳам шуҳрат доштани Ҳақназар Ғоибро таъкид мекунад. Ӯ «Шеъру достонҳои Ҳақназар Ғоиб, алалхусус дар китобҳои охиринаш «Эҳёнома» (1991), «Ашки нур» (1993), «Барги сабзи ишқ» (1995), «Сурӯши Хатлон» (1998), «Ашки офтоб» (1999) аз ҷиҳати ғоянокӣ, фарогирии ҳодисаҳои муҳимми вақту замон ва бадеияту мазмуннокӣ дар зинаи болоравии эҷодиёти ӯ қарор гирифта, симои хоси шоиронаи Ҳақназарро дар қатори устодони кунунии сухан Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Бозор Собир пеши рӯ меорад» [118, 3].
Оид ба ашъори Ҳақназар, он сон ки дар боло ишора рафт, суханшиносону адибони зиёд фикру мулоҳиза баён кардаанд, дар ин миён суханони устоди шеъри тоҷик Муъмин Қаноатро метавон намуна овард: «Дар вазъи имрӯза мо худро дар бузургии гузашта меҷӯем, дар симои бузургҳои гузаштаи худамон ё қаҳрамонон бошанд, ё олимону шоирон ва имрӯз мо сахт ниёз ба шахсиятҳои бузург дорем, ки раҳнамою мушкилкушоямон бошанд ва бе онҳо аз фардо сухан наметавон кард, аз рӯйи илм, аз рӯйи фалсафа, аз ҳама китобҳои муқаддаси осмонӣ то ҷойе, ки мебинанд ояндаи ҷаҳонро. Ва ин шеърҳое, ки дар давраи ҳамоишӣ ва ҷанги ҳамватанӣ эҷод карда шудаанд, руҷӯи Ҳақназари ҷони ширин аст ба асолати гузашта, руҷӯъ ба кашфи худӣ, ба бузургон, руҷӯъ ба он чизе, ки моро аз имрӯз ба фардо мерасонад» [88, 3].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор