Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Аз ин дидгоҳ, табиат ба Ҳақназар Ғоиб саховат намуда ва вуҷудашро аз ҳамин ду қувва саршор сохтааст. Ҳангоме ки кас ашъори лирикии китобҳои шоир «Рамзи ҳаёт», «Нигоҳи гарм» ва «Зинароҳ»-ро, ки бештар ҳамин қабил шеърҳои шоирро фаро гирифтаанд, аз назар мегузаронад, ба хубӣ пай мебарад, ки муаллиф дар дарки ҳаводиси аср, воқеоти сиёсӣ–иҷтимоӣ, бурду бохти ҳамватанон дар кашфи асрори ниҳони коиноту табиат ҳамчун суханвар ба ҳеҷ ваҷҳ дасткӯтоҳ нашуда, балки дар бобати таҳқиқи шоиронаи онҳо аз аксари ҳамқаламони муваффақи худ қафо намондааст. Бо мақсади тасдиқи фикр, мехоҳам диққати хонандаи муҳтарамро даставвал ба қисмати «Тазод»-ҳои китоби дувуми Ҳақназар Ғоиб ҷалб намоям. Зеро ин қисмат аз ҳайси мазмуну мундариҷа, тахайюлоти бадеӣ қадами ҷасуронаи шоирро ба мавзӯъҳои иҷтимоиву сиёсии рӯзгори имрӯза нишон медиҳад. Қаҳрамони лирикии ин шеърҳо ба ҷуз ғаму андуҳ ва шодиву сурури ҳамватанони хеш ба дарду алами оламиён низ шарик мешавад. Диққати қаҳрамони лирикии шеърҳоро, қабл аз ҳама ҳаёти инсони муосир ба худ кашидааст. Аз силсилаи шеърҳои «Тазод» кас амиқ дарк менамояд, ки он муҳаббати ҳақиқии Ҳақназар Ғоиб ба сӯйи кадом гурӯҳи инсонҳо равона шудааст. Ӯ бо муҳаббати бепоёну самимӣ онҳоеро тавсиф кардааст, ки вуҷудашонро ҳубби ватан ва инсондӯстии беқиёс фаро гирифтааст. Тасвир, ифодаҳои ҷаззоб, лафзу маонии дақиқ ба силсилаи шеърҳо таъсири баланди эҳсосотӣ бахшидаанд.
Ҳақназар Ғоиб дар шеърҳояш тазодҳои зиндагиро воқеъбинона пеши назари хонанда ҷилва медиҳад. Фикру андешаҳояшро тавассути воситаҳои тасвири бадеӣ – киноя, ташхис, тазод, ташбеҳу истиора ва талмеҳ нишонрас месозад. Ибороту калима ва образҳои моҳ, ситора, вақт, фазо, зиндагӣ, марг, даҳшат, наҷот, адоват, мили тӯпҳо, милаи носерами марг, замин, модар, фазл, ҷаҳл, ҷанг, сулҳ ба фаҳмиши дурусти ҳаёт хуб хидмат кардаанд. Эпиграфҳои дар шеърҳои «Ниёиш», «Бузургон», «Ташнагӣ», «Суроғ» овардашуда ба мақсади шоир мувофиқ гардида, хонандаро ба фикру мулоҳиза ба рӯйдодҳои зиндагӣ водор менамоянд:
Мисоли миллаи носерами марг
Даҳони милҳои тӯпҳо боз аст.
Ба пешаш зиндагӣ
Чун кӯдаке гулбӯю гулбоз аст.
Кунун ҳам доғҳои ҷанги гирмонӣ
Ба ранги синаи хуншор,
Ба ранги пойҳои монда дар пайкор,
Ба ранги остини холии бедаст [13, 52].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор