Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Маҷаллаи «Садои Шарқ» баъд аз нашри силсилаи номбурда зимни тақризи ба китоб бахшида шуда, дар бобати истеъдоди хуби Ҳақназар Ғоиб ва дар оянда бар асари заҳмати доимӣ ба бурдбориҳо ноил гашта тавонистани шоир барҳақ дуруст пешбинӣ карда буд: «Қисмати асосии шеърҳои маҷмӯаи нави шоир аз ҳайси мавзӯъ ва ҳалли бадеии он, воситаҳои каломи бадеъ, дахолати қаҳрамони лирикӣ ба ҳаёт, ҷаҳони ботинии муосирон, пешравӣ ва истеъдоди шоири ҷавонро гӯшрас мекунанд. Бешубҳа, Ҳақназар Ғоиб қобилияти хуби шеърнависӣ дорад ва хонанда ҳам аз ӯ назми баландтару марғубтареро интизор аст» [74,147].

Асарҳои минбаъдаи шоир гуфтаҳои болоро бо равонии баён, тасвирҳои хоса ва мазмуни баланд собит месозанд. Акнун бубинем, ки шоир дар даҳсолаи охир то кадом андоза муҳаббат ва самимияти худро тавассути сухан нисбат ба Ватан–Модар, муосирон ва табақоти гуногуни ҷомеа дар шеърҳояш матраҳ сохтааст, маҳорати эҷодии ӯ то куҷо такмил ва сайқал ёфтааст? Теъдоди чунин шеърҳо ва ҳатто силсилаи шеърҳое, ки солҳои охир бо маҳорати баланди шоирона дар васфи Ватан, инсон, волидайн, бузургони гузаштаю муосир навиштааст, хеле зиёд мебошанд.

Ҳақназар Ғоиб достонвораи навашро «Дар таҷаллии Офтоби Аллома Иқбол» (2018) ном ниҳодааст, ки ин ба таъбири Муъмин Қаноат, «такя ба бузургон аст». Такя ба бузургон кори бузургворона аст. Яъне андешаҳои шоиронаи ӯ ин бор ба рӯзу рӯзгор чуқуртар реша давондааст, ӯ баъди орзуҳои офтобии Аллома Иқбол нисбат ба шукуфоию пешрафти тозаи илми Шарқ бори дигар дона аз чоши хирмани бузурги маънӣ гирд оварда ва чунин ҳосил бардоштааст:

Ҳама тан накҳати гул монд дар ман,
Навои нарми булбул монд дар ман.
Гули ахтар, ки моли миллатам нест,
Насими атри кокул монд дар ман [30, 13]

Дар нигоҳи аввал ин чорпора ба кас таассуроти ошиқона мебахшад, ки аз ибораҳои «саропо накҳати гул» ва «навои нарми булбул», «атри гул» ҳосил мегардад, вале чуқуртар андеша кунем, ин ибораҳо ба таври танзомез гуфта шуда ва як навъ танбеҳи шоирона ба аҳли адабаст, ки аз побанди образҳои асрҳои аср гуфташуда берун нарафтаанд ва худи адиб низ аз ин банд раҳоӣ ҷустан мехоҳад. Ин ҷо, ба гумони мо, шоир солҳои машқи шеър карданашро ба ёд овардааст, ки онҳо дар тақлиди адабиёти классикӣ гуфта шуда буданд. Ҳатто дар ин ғазали хуб ҳам, ки онро устод Одина Ҳошим ва баъд Ӯрунбоӣ Ҳамдамов замзама мекарданд, такрор, такрори ҳунармандонаю зебо ҷой дорад: «Шодие аз зулфи сунбул доштам, Мастие аз атри кокул доштам»...

пешина
аз 114
навбатӣ