Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Соли 2015 таҳти унвони «Гул, шиша ва санг» маҷмӯаи шеърҳои Ҳақназар Ғойиб ба ҳуруфи арабиасоси тоҷикӣ дар ҳаҷми 288 саҳифа аз тарафи нашриёти «Адиб» ба табъ мерасад. Ду маҷмӯаи кӯчактари ӯ «Қиссаи аспи хатлӣ» ва «Навҳаи Фирдавсӣ ба марги Рустам» низ ба ҳуруфи арабиасоси тоҷикӣ чоп шудаанд.
Ҳақназар Ғоиб дар давоми фаъолияти эҷодии худ ба тарҷумаи асарҳои бадеӣ низ машғул шудааст. Шоир аз намунаҳои адабиёти халқҳои ҷаҳон шеъру таронаҳои зиёде тарҷума кардааст, аз ҷумла тарҷумаи китобҳои «Меҳри замин» шоири Озар Ҳусайн Ҳусейнзода («Ирфон», 1972), «Ҷоми ҷаҳоннамо» шоири гурҷӣ Григол Абашидзе («Ирфон», 1985), инчунин силсилаи шеърҳои Махдумқулӣ, Гёте, Евгений Евтушенко, Иван Бунин, Евгений Баратинский, Межелайтис ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Ҳамин тавр, як маҷмӯа ба забони русӣ, се маҷмӯа ба ҳуруфи арабиасоси тоҷикӣ ва ду китоби аз тарафи шоир тарҷума шударо агар ба ҳисоб гирем, то имрӯз шумораи китобҳои шоир ба 30 мерасад.
Ин ҷо як чиз қобили зикр аст. Боз ду китоби дигари шоир– «Дардномае ба миллат» ва «Дар бистари нарми гул» (2009) дар ҳаҷми 380 саҳифа чоп шудааст. Ин китобҳо, барои он ки шеърҳои эҷодшуда гум нашаванд, ба таври таъҷилӣ дар ҳаҷми 200– 300 нусха дар матбааи «Сада»-и Кӯлоб ба нашр расида буданд. Онҳоро шоир дар сафарҳо ба дӯстон ҳадя мебурдааст, аз онҳо дар дасти шоир нусхаҳои ислоҳшуда боқӣ мондаанд. Масалан, шоир манзумаи «Дардномаи миллат»-ро дар солҳои 90-ум ҳарчи зудтар дастраси хонандагон гардондан мехостааст. Зеро дар он рӯзҳо ин мавзӯъ ниҳоят зарур буда, манзума дар танқид ва танз ба шахсоне гуфта шудааст, ки афкори маҳалгароиро паҳн мекарданд. Шоир ба василаи ин достон дӯстӣ ва ваҳдати мардуми Тоҷикистонро тарғиб менамуд. Хушбахтона, шеърҳои ҳар ду китоб минбаъд дар маҷмӯаҳои калонҳаҷм ҷо дода шуданд.
Ҳақназар Ғоиб аслан шоири лирик аст, вай агарчи ба сурудани манзумаю достонҳои ҳамосӣ пардохтааст, дар тасвири пурэҳсоси воқеият кӯшида, гузаштаю ҳозираи ҳаёти халқамонро муассиру ҳаяҷонангез ва ибратбахш ба қалам додааст. Шоҳвалӣ Саидҷаъфаров фикри Шиблии Нуъмониро чунин тақвият додааст: «Чунонки аллома Шиблии Нуъмонӣ дар ҳиссаи чаҳоруми «Шеър-ул-аҷам» дар фасли «Моҳият ва ҳақиқати шоирӣ» фармуда: «Сарчашмаи тамоми иродот ва афъол ду қувва аст, ки идрок ва эҳсос номида мешаванд. Вазифаи идрок маълум намудани ашё ва кор гирифтан аз истидлол ва истинбот аст ва аз натоиҷи амалаш анвои иҷодат ва таҳқиқот ва инкишофоту итмоми улум ва фунун пиндошта мешавад. Хидмати эҳсос дарёфтани чизе ва ҳал кардани амре ва ғавр кардан бар сухане ва санҷидан нест. Ягона хидматаш мутаассир шудани ӯст дар мавқеи вуқӯи кадом воқеаи пуртаъсир...» [117, 4].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор