Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Маҷмӯаи «Муждаҳои Ориёнӣ» (2013) бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва 15-солагии Ваҳдати миллӣ навишта шудааст. Ҳақназар Ғоиб дар ин маҷмӯа чанде аз шеърҳо ва таронаҳои дар васфи миллату Ватан, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва Парчами миллӣ навиштаро гирд овардааст. Ба ин китоб шоир, суханшиноси эронӣ М. Тоҷидинӣ таҳти унвони «Ҳақназар Ғоиб – шоири ишқ, ҳамоса ва хирад» ва шоиру муҳаққиқ Муҳаммадалии Аҷамӣ ба номи «Чаҳорпорае, ки баёнгари таърихи тоҷик аст» тақризҳо навиштаанд. Дар маҷмӯа 62 шеър, баъзе порчаҳо аз достони «Ашки офтоб», «Эҳёнома» ва ҳикояҳои лирикӣ интихобан гирд оварда шудаанд. Шоир дар ин китоб бори аввал шеърҳои ба аспи хатлӣ сурудаашро аз достону шеърҳои дар алоҳидагӣ чопшудаи китобҳои гуногун дар як силсила ҷамъ овардааст.

Маҷмӯаи «Дар таҷаллии офтоби Аллома Иқбол» (2018) аз 15 боб, аз ҷумла: «Созҳои тӯфонӣ», «Исён дар андеша», «Сукути тӯфонӣ», «Чархи андеша», «Тӯфон дар тафаккур» ва ғайра, инчунин аз зербобҳо иборат буда, масъалаҳои хештаншиносию инсондӯстиро дар бар гирифтааст. Ба андешаи Аламхон Кӯчарзода китоби «Дар таҷаллии офтоби Аллома Иқбол»-и устод Ҳақназар Ғоиб асарест, ки аз ҷиҳати мундариҷа ва муҳтаво басо фарогир буда, ифодакунандаи масъалаҳои доғи рӯзи Тоҷикистон ва умуман сокинони сайёра мебошад. Ин китоб дастоварди арзандаест дар назми имрӯзаи тоҷик» [81, 6].

Ин маҷмӯа калонҳаҷм буда, тасвирҳои тару тозаву ҷолиб дорад, ки як намунааш дар фалсафаи суханони устод Айнӣ намоён мегардад:

Устод Айнӣ:

Нолаҳо меояд аз Шарқи куҳан,
Зинда медорад садои кӯҳкан…
Ин садо мастии май дорад ба худ,
Сад фалак овози най дорад ба худ [30, 52].

Дар ин китоб шоир бо диди нав аз ҳамбастагии мардуми Ғарб ва Шарқ сухан карда, хонандаро ба ғамхорию ҳамдардӣ ва дастгирии якдигар даъват менамояд:

Аз ҳақиқат муждае дар дил марост,
К-он ҳама фармудаи неки Худост.
Ғарбу Шарқам тифли як сайёра аст,
Ҳар ду ҳам ду тифли як гаҳвора аст [30,53].

Як маҷмӯаи шоир дар тарҷумаи адибони шинохтаи рус А.Волос ва Анатолий Парпара соли 1989 бо унвони «Дорожный провиант» аз тарафи нашрияи «Советский писатель» дастраси хонандагон шудааст. Инчунин як силсила шеърҳои шоир ба забони русӣ ва дигар забонҳои халқҳои собиқ мамлакати Шӯравӣ, аз ҷумла забонҳои литвонӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, арманӣ, молдавӣ, белорусӣ тарҷума шуда ба табъ расидаанд.

пешина
аз 114
навбатӣ