Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Маҷмӯаи дигари шоир «Сарнавишт» (2005) 15 шеър ва 40 дубайтӣ дошта, онҳо аз нигоҳи муҳтаво фарогири баъзе ҳодисаҳои ғамангези рӯзгори нобасомони охири садаи бист мебошанд. Шоир ин ҳама воқеаҳои нохушро бо чашми сар дидааст ва бо ниҳояти ҳамдардӣ ба халқи худ хитоб мекунад:
Бо ғаму андуҳ пешат омадам,
Дардбахши ҷони решат омадам [22, 14].
Маҷмӯаи «Нафас то бар нафас овози вақт аст» (2005) шеърҳо ва достони «Ашки офтоб», «Сухан аз устодон, дӯстон ва ҳамқаламон», мавод аз ҷашни 60-солагии адибро дар бар мегирад. Китоб ба 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва бузургдошти «Соли тамаддуни Ориёӣ» бахшида шудааст. Маҷмӯа шеърҳои тоза эҷодшудаи шоирро дар бар гирифта, дар боби худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ишқи поки инсонӣ саҳифаи наву тозаеро боз менамояд. Дар варақаи унвонии асар аз забони устод Муъмин Қаноат омадааст: «Шеър имону виҷдон аст. Ба ин маънӣ ман шеърҳои Ҳақназарро мехонам. Ин кас шоиреанд, ки ҳам шеъри таронавӣ, ҳам ғазалу рубоӣ ва ҳам достон гуфта метавонад. Яъне ки килку қалами дафтари тасвирашон бисёр фарох аст, аз рубоӣ то достон ва ҳар якеро хуб, самимӣ ва зебо менависанд» [88, 3].
Маҷмӯаи шеърҳои «Дар бистари гарми гул» (2009) аз 10 қисм иборат аст. Силсилашеърҳои «Муқаддаснома» (328 мисраъ), «Садои як рӯзу як шаб» (64 шеър), «Намози ихлос» (аз силсилаи «Эрон» – 14 шеър), «Аз дафтари Рига» (9 шеър), «Варақрези нур»-ро (144 ғазал) дар бар мегирад. Силсилаи шеърҳо ба сарнавишти миллати тоҷик, Ватан, сулҳу дӯстӣ ва ишқу муҳаббат бахшида шудааст. Шеъри «Садои як рӯзу як шаб» ифодагари рамзии умри як нафар инсонест, ки дар фалсафаи ҳастии як рӯзу як шаб хулоса мегардад ва ба фалсафаи «будан ва набудан»-и як ҷомеаи инсонӣ гиреҳ мехӯрад. «Падар» боби дигари китоб шудааст, ки дар он 78 рубоӣ, 5 ғазал ва 8 шеър дар васфи падар фароҳам омадаанд. Масалан, ба ин чаҳорпора таваҷҷуҳ фармоем:
Аз ёр ҳаёти босафо монд ба ёд,
Аз дӯст хушии рӯзҳо монд ба ёд.
Аз модари ҷон меҳру вафо монд ба ёд,
Аз панди падар ақли расо монд ба ёд [25, 19].
Қисмати «Модар» фарогири 33 шеър ва 9 ғазал буда, шоир дар онҳо меҳру муҳаббати беандозаи ба фарзандон доштаи модарро васф мекунад. Шоир дар ҳар ду силсилаи ашъор «Падар» ва «Модар» беҳтарин шеърҳои офаридаашро дар васфи ду қиблагоҳ ҷамъоварӣ кардааст. Чунин ба назар мерасад, ки шеърҳои ба модару падар бахшидаи устодон Лоиқ ва Ҳақназар аз дигар шоирони ҳамсол зиёд бартариҳо доранд. Қисми охирини маҷмӯа ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шуда, 113 дубайтӣ, 192 рубоӣ, 98 тарона ва 5 бадеҳа дорад. Як қисми таронаҳои ин маҷмӯа гулчин аз маҷмӯаҳои қаблӣ мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор