Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Абдунабӣ Сатторзода дар мақолааш «Ҳақназар ва шеъри нарми ӯ» гуфтааст, ки: «Ҳар боре, ки дар бораи шахсияти дӯсти азизам Ҳақназар Ғоиб ва чигунагии шеъри ӯ андешиданӣ мешавам, манзарае пеши назарам меояд, ки дар зодгоҳаш деҳаи Офтоблиқо дар боғи падариаш рӯйи кат зери дарахти олу солҳо пеш аз ин бо устоди зиндаёд Лоиқ, Сорбон, худи Ҳақназар ва дӯстони дигар менишастем. Субҳи барвақт буд. Офтоб нав аз паси пуштаҳои деҳа тулӯъ мекард ва ба нурафкани бузурге монанд буд, ки равшанӣ ва гармиашро дар ҳавлии Ҳақназар ва гирду атрофии он равона мекард. Модари меҳрубону меҳмон–гузарони Ҳақназар, аз чеҳрааш нур меборид, бароямон хӯрок овард, ки ман онро бори аввал медидам ва номаш «нашоиста» буд. Аз он аёми хуш то ҳоло 42 сол сипарӣ шудааст, аммо он нури офтобию инсонӣ, он гармию меҳри инсонию офтобӣ аз ёдам нарафтааст, ҳамеша бо ман аст ва хоҳад монд» [121, 3].
Шоири оянда аллакай ҳангоми дар синфи панҷум хонданаш дар тӯю нишастҳо доираю най ва буғак, гитор, рубоб, ғижжак (сурнайи аз қамиш сохташуда) менавохту овозхонӣ мекард ва ба таври худ шеър мебофт. Падари шоир, азбаски аз шахсони бомаърифату илмдӯст ва аз таърихи халқаш бохабар буд, кӯшиш менамуд, ки фарзанди ягонааш бедордилу соҳибмаълумот ба камол расад. Мактаби деҳа ӯро дар баробари даҳҳо фарзандони меҳнаткаш гарм истиқбол карда, дари шеъру маърифатро ба рӯяш боз менамуд. Мирзо Назар, Самад Юлдош (муаллими забон ва адабиёти тоҷик), Абдулмаҳмад ва Майрамбии Сайфулло (муаллимаи синфҳои ибтидоии ӯ) аввалин устодони Ҳақназар мебошанд, ки дар тарбияаш саҳми басазо гузоштаанд. Дар ҳаёти ояндаи шоирии ин адиби шинохта низ ҳамин устодони ҳалиму хоксор таъсири мусбат расонда, ҳангоми мутолиаи шеърҳои навқаламиаш босуханони нек рағбати ӯро ба шеъру шоирӣ бештар мегардониданд.
Талош аз пайи сарнавишт шоири ояндаро аз канори деҳаю мактаб ва падару модар ба дигар сӯй бурд. Ҳақназар соли 1957, баъди хатми мактаби 7сола, дар синни 14–солагӣ ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро соли 1961 бомуваффақият ба итмом расонд ва солҳои 1961–1962 бо дастури шуъбаи маориф дар мактаби 8–солаи «Коминтерн»-и деҳаи Корези Болои ноҳияи Кӯлоб ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор