Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб беш аз 55 сол аст, ки дар арсаи шеър хомаи тавонои хешро ҷавлон дода, худро дар ин талошгоҳ чун чеҳраи хоссаи адабиёти миллӣ ба халқу Ватан муаррифӣ менамояд. Ӯ аз адибони насли чоруми адабиёти муосири тоҷик буда, бо сабки хоси эҷодӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он маълуму машҳур гаштааст.
Ҳақназар Ғоиб 7 январи соли 1943 дар деҳаи Офтоблиқои Кӯлоб дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ дар «Муждаҳои ориёнӣ» ном китобаш дар бораи зодгоҳи худ навиштааст: «Ман дар ин теппачаю кӯҳҳои Офтоблиқои азизам бо кӯдакиям рӯ ба рӯ мешавам. Хотираҳои ман дар ин ҷо бори дигар аз хоби даҳшатангези дуриҳо бедор мешаванд. Ана дар ҳамин ҷо кӯдакӣ, бачагӣ, ҷавонии ман дар гаҳвораю оғӯши падару модарам ба хоб рафтааст. Ман бошам дар пирӣ бо кӯдакиву бачагӣ ва ҷавониам ба ин ҷо меоям. Вале…, ҳайҳот, ин ҷо аз он рӯзҳо истиқболгиреро надорам» [26, 14]. Ба шоир аз он рӯзгорони дур танҳо хотираҳои талху ширин боқӣ мондааст ва макони азизон низ дар синаи ӯ ҷо гирифтааст:
Ба чашмам нури дил аз нури модар,
Нигоҳи пурғаму масрури модар.
Накобедаш зи гӯри тираву тор,
Бикӯчондам ба сина гӯри модар [10, 151].
Падари шоир Ғоибназар Гадоев дар навохтани думраю най ва меҳтар (сурнаӣ) маҳорати хуб дошт, то синни нафақа дар корҳои раҳбарии хоҷагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (пештар хоҷагии ба номи Сталин, «Ленинград»), фаъолият кардааст. Як муддат ба ҳайси раиси хоҷагӣ ва солҳои 50-уми асри гузашта ба сифати раиси Деҳшӯрои Зиракии ин хоҷагӣ низ фаъолият доштааст. Модараш Зиннатбӣ бонуи хушзавқ буда, ӯ низ думбраро хуб менавохт ва рубоиёти халқиро ба ҳоли худ мувофиқ карда, дар маъракаи занҳо овозхонӣ менамуд. Аз рӯйи нақли шоир, ҳамсояҳояш Мирзо, Назар (директори мактаби деҳа) найнавоз, муаллим Абдулмаҳмад найнавозу думбранавоз ва таблакчию дойразани моҳир будаанд. Акаи Ҷонон Давронов, Бобои Қосим, Бобои Самад низ таблаку доираро ба усули навъҳои базм хуб менавохтаанд. Бобои Амирхон бо думбра таронахонӣ мекарду муаллим Аҳмад Мирзо бо ӯ ҳамовоз мегардид ва дар деҳа дар нишастҳои унси ҳамдеҳагон, дар омадани меҳмонон ба деҳа, Гадоев дар тӯю сур ва маъракаҳо писари ягонааш Ҳақназарро низ бо худ мебурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор