Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Муаллими ҷавон баҳри такмил додани дониш соли 1962 ба шуъбаи рӯзонаи факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб дохил шуд. Устодони давраи донишҷӯии шоир – Ниёз Сафар, Соат Чалишев, Тоҳир Умаров, Боғиров, Самад Фузайл, Яркаева, А.Насриддинов, Ашраф Сиддиқов, Барот Нозимов, Иброҳимови Истаравшанӣ, Парпиев, Тамлихоев ба ӯ аз забону адабиёт, таърих, фалсафа, мантиқ, таърихи забон ва иқтисодиёт таълим медоданд. Таҳсил дар донишкада ҷаҳонбинии Ҳақназар Ғоиби адабиётдӯстро комилтар намуд. Ба донишгоҳ ҳамчунин устодоне, чун академик Абдулғанӣ Мирзоев, профессори забоншинос Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов ва дигарон гоҳ–гоҳ даъват мешуданд, дарсҳои онҳо ба рӯйи шоири оянда дари ҷаҳони тозатари маънавиро боз мекарданд. Ҳақназар дар донишкада ва минбаъд бо осори безаволи шоирони форсу тоҷик – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Шоҳин шинос шуда, асарҳои адибони машҳури дунё А.Пушкин, С.Есенин, Р.Ғамзатов, Я.Колас, Е.Евтушенко, Г.Абашидзе, Ҳ.Ҳусейнзода, Гёте, Волтер, Межелайтис, И.Бунин, А.Мухтор, Махдумқулӣ, А. Ориф ва дигаронро пайваста мутолиа намуда, ашъорашонро тарҷума менамуд.

Ҳақназар соли 1966, баъди хатми донишкада, тамоми фаъолияти меҳнативу эҷодиашро ба пешрафт ва рушду нумуви матбуоту адабиёти тоҷик бахшид. Ӯ аз соли 1974 дар давоми умри бобаракати худ дар вазифаҳои гуногун ҳамчун раҳбар фаъолият намуда, аввалин таъсисдиҳандагони Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маданият (1966-1970 ), Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб (1974–1981), котиби масъули бахши кӯлобии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон»-и собиқ вилояти Кӯлоб (1990–1993), сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб» (аз соли 1993 то инҷониб) ва ҳамзамон аз соли 2002 то имрӯз раҳбари бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мебошад.

Фаъолияти Ҳақназар Ғоиб ҳамчунин дар муассисаҳои гуногуни воситаҳои ахбори омма (ВАО – и Тоҷикистон) пурсамар мебошад. Шоир дар назди рӯзномаҳои «Маориф ва маданият», «Роҳи ленинӣ», «Ҳақиқати Кӯлоб», «Хатлон», «Навиди Кӯлоб» маҳфилҳои адабӣ ташкил карда, ба ин восита дар пайдо ва тарбия кардани ҷавонони эҷодкори минтақаи Кӯлоб зиёд ҳиссагузорӣ менамояд. Вай ҳамчун шоир дар байни халқ шинохта шуда, аз соли 1976 ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР пазируфта мешавад.

пешина
аз 114
навбатӣ