Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шеърҳо?! О, магар шумо назди Баҳром нарафтед?

Ман чизе нафаҳмида суоломез ба устод нигаристам. Дар посухи таҳайюри ман лаҳзае таваққуф карданд.

— Баҳромро мешиносед?

— Худашонро не, китобҳояшонро хондаам…

— Ман шеърҳоро ҳамон шабу рӯз хондам. Баъд ба ҳамсояамон Абдумалик Баҳорӣ супоридам, ки фикрашонро гӯянд. Баҳорӣ шеърҳоро хонда, ҳамаашро ба дасти Баҳром додаанд. Бояд чоп шавад…

Дилам сахт ба таппиш даромад. «О, чӣ хел? Шеърҳое, ки… Аз чопаш шарм мекардам. Эроди сахту маслиҳатҳои устодро интизор будам. Наход онро Абдумалик Баҳорӣ ҳам хонда… боз барои чоп ба…»

Гулчеҳра Сулаймонӣ нигаҳу ҳаяҷони ботини маро ба рамуз пай бурданд, ки ба таъкид хайрухуш карданд:

— Ӯ инсони хуб аст. Ҳатман Баҳромро бинед…

Мани моту мабҳут то дер аз пасашон гарм нигаристам.

Он рӯз дарк кардам, ки зиндагиро чунин инсонҳои соҳибфазилату некбин ба ҳама зебоияш дар назари ҷилвагар мекардаанд. Эътимоди моро ба мавҷудияти ҳақиқати зебо, покӣ ва меҳри инсон сабз медоштаанд. Умеди мо ба раҳи фардо равшан буд. Хосса, гоҳи талоши сангин ва қадами устувор ба роҳи пурмашаққати эҷод…

Ҳамин тавр, ҳафтае аз миён гузашт. Оғози ҳафтаи нав барномаро барвақттар омода сохта, ба ҷустуҷӯйи Баҳром Фирӯз рафтам.

Он кас дар нашриёти давлатии «Маориф», ки воқеъ дар километри ҳафти пойтахт буд, ба ҳайси мудири шӯъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон кор мекарданд.

Аҷиб, ки Баҳром Фирӯз маро зуд шинохтанд. Аз дар ворид шудан ҳамон, аз ҷо бархоста бо табассум ба саломи ман алейк гирифтанд:

— Марҳамат, гузашта шинед, Латофатбону. Хуб шуд, ки худатон омадед. Рӯзҳои наздик занг заданӣ будам…

Ман ҳанӯз рост истода намедонистам суханро аз чӣ сар кунам.

— Гулчеҳра Сулаймонӣ гуфтанд, ки… устод Абдумалик Баҳорӣ шеърҳои маро ба шумо…

— Ҳа. Дуруст. Шумо аввал нишинед, – сӯйи курсии муқобил ишора карданд. – Ҳозир ҳамаашро мефаҳмонам.

Баҳром Фирӯз хам шуда аз қуттии поёни миз чанд бастаеро бароварда, пеши худ гузоштанд. Аз миёнаш папкаеро ҷудо карда, кушоданд.

— Ана, он шеърҳо. Муҳиммаш, бо тавсияи Гулчеҳра Сулаймонӣ ва Абдумалик Баҳорӣ мо онро ба нақшаи чопи китобҳои нашриёт дохил кардем. Ин тарафаш боз заҳмати худи шумо… Бурди шумо, ки барои кӯдакон шеър навишта метавонед. Забону дунёи кӯдакро на ҳар кас мефаҳмад…

пешина
аз 94
навбатӣ