Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъзе шеъру ҳикояҳояш ба забони халқҳои бародар – русӣ, арманӣ, литвонӣ, молдавӣ, ӯзбекӣ ва ғайраҳо, инчунин дар Эрон ва Чехословакия чоп шудааст. Ду китоби достон ва ҳикояи ӯ ба забони русӣ аз чоп баромад. («Ты неодинок», Москва, 1982, «Если бы она была мужчиной», Душанбе, 1991). Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони СССР».

Дар ин шарҳи ҳоли мухтасари Б. Фирӯз «Аз арш то фарш» (1983, достон ва ҳикояҳо), «Тафти дил» (шеърҳо, 1984), «Пеш аз шаби арӯсӣ» (ҳикояҳо ва достонҳо, 1989), «Агар вай мард мебуд» (китоби достонҳо, 1987), «Саҳнаи гардон» (мақола ва очеркҳо, 1993) барин китобҳои ӯ номбар нашудаанд.

Баҳром Фирӯз ҷашни 50-солагии хешро бо китобе пешвоз гирифт, ки дорои 50 номгӯй ҳикояҳои наву тоза буд.

Дар бойгонии шахсии ӯ ҳанӯз он қадар шеър, он қадар ҳикоя, он қадар достону романҳое маҳфузанд, ки рӯйи чопро надидаанд. Ва романи «Ғафлатзадагон» яке аз онҳо мебошад.

Мо асарҳои Баҳром Фирӯзро ҳар чӣ бештар чоп кунему ба муштариёнаш дастрас намоем, рӯҳи ӯ ҳамон қадар шод мегардад.

с. 1999

ЛАТОФАТ
сармуҳаррири
маҷаллаи «Истиқбол»

СУХАНГУСТАР

Аввалбаҳори соли 1980 дар Кумитаи садо ва симои Тоҷикистон, дар идораи барномаҳои сиёсӣ кор мекардам. Дабири маҷаллаи бонувон «Фирӯза» будам. Дар гӯшаи «Гулғунча»–и барномаи мазкур шеърҳои Шоираи халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймониро ҷой дода, барои сабти овозашон даъват намудам…

Аммо соле қабл як даста шеърҳои худамро ба Гулчеҳра Сулаймонӣ супорида будам, то фурсате пайдо карда, аз назар гузаронанд. Ростӣ, он замон рӯбарӯӣ ва сӯҳбате бо бузургоне, мисли Аминҷон Шукӯҳӣ, Убайд Раҷабу Гулчеҳра Сулаймонӣ сахт душвор буд. Гулчеҳра Сулаймонӣ зуд-зуд назди Иноят Рустамова, сардабири барномаҳои адабии садо меомаданду ҳангоми кор дар ин шӯъба аз сӯҳбатҳояшон баҳравар будам…

Гулчеҳра–апа хомӯшона дафтари шеърҳоямро ба даст гирифтанду бо имои «маъқул» сар ҷунбонида, онро ба сумкаи дасташон гузоштанд…

Дигар чанд бор вохӯрдему аз пурсидан истиҳола мекардам. Ниҳоят дар интиҳои сабт, вақти гуселашон, ҷуръат карда пурсидам:

— Устод… ҳамон як дафтараке… Шеърҳои сирф шогирдона… Шояд, беҳуда вақти қиммати шуморо гирифта бошам?!

пешина
аз 94
навбатӣ