Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Моҳи августи соли 1963 маро барои кор ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (мудири шӯъбаи агитатсия ва пропаганда) даъват карданд (шахсан худи муҳаррири онвақтаи «Комсомоли Тоҷикистон» устод Мутеъуллоҳ Наҷмиддинов), Баҳром Фирӯз баъди як сол (1964) аз пайи кор ба Душанбе омад. Худи ҳамон рӯз, ду соат пеш аз омадани Баҳром Фирӯз бо раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, дӯсти якумриам Шарофиддин-ака Сайфиддинов вохӯрда будам, ки ба Иттифоқи онҳо як шоирмушовир лозим буд аст, то дар интихоби матни суруду операю кантатаҳо ба композиторон дасти мадад дароз кунад. Агар шоири хуб бошад, композиторон ба шеъри шоир-мушовир ҳам оҳанг бастан мегиранд. Баҳром ин хоҳиши раиси Иттифоқи композиторонро аз ман шунида, аз ҷо озод бархост:
— Дадоҷон, ба акаи Шарофиддин Сайфиддинов занг занед. Агар ҳанӯз одам нагирифта бошанд, ман тайёрам, ки дар он ҷо кор кунам.
Баҳром Фирӯз чун шоир-мушовири Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон кор мекарду даста-даста шеърҳояш саҳифаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ», «Газетаи муаллимон»-ро гул мекунониданд. Аз он шеърҳо магар устод Мирзо Турсунзода огаҳӣ пайдо кардаанд, ки бо тавсияи шахсии раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дере нагузашта Баҳром Фирӯз барои кор ҳамчун мудири шӯъбаи маҷаллаи «Садои Шарқ» – нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон даъват шуд..
Ҳангоми кор дар маҷалла дар риштаи наср низ қувва озмуд. Нахустин ҳикояи Баҳром Фирӯз «Бобо» аввал дар маҷаллаи «Садои Шарқ», сонӣ ба забони русӣ дар журнали «Памир» чоп шуд. Дертар ба забони чехӣ, немисӣ ва ҷопонӣ тарҷума гардид ва қариб ними ҷаҳонро сайр кард...
Барои тасаввури комил аз шарҳи ҳол ва фаъолияти пурбаракати адабии Баҳром Фирӯз ба донишномаи миллати мо «Энсиклопедияи советии тоҷик» назар меандозем, ки он ҷо дар ҷилди 7, саҳифаи 1661 ба қарори зайл овардаанд:
«Фирӯз Баҳром Бобоевич (тав. I.ХI.1939, райони Нуратои вилояти Самарқанд), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи муаллим. Баъди хатми ИДПЛ дар ҳамин институт муаллими кафедраи адабиёти тоҷик буд. Солҳои 1964-68, 71-78 дар Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ кор карда мудири шӯъбаи журнали «Садои Шарқ» (1969), мудири редаксияи адабиёти бачагону наврасони Нашриёти «Маориф» (1978-80), мудири шӯъбаи адабиёти бадеии газетаи «Маданияти Тоҷикистон» (1980) буд. Аз соли 1981 муҳаррири нашриёти «Маориф». Фаъолияти адабиаш соли 1960 бо шеър оғоз шуда, бо номи «Розҳои маҳтобшаб» (1967) ва «Силсила» (1973) маҷмӯаи ашъораш ба табъ расид. Дар шеърҳояш ба масъалаҳои ахлоқи иҷтимоӣ, симои маънавии инсон аҳамият додааст. Соли 1972 ба наср гузашт. Масъалаи асосии насраш ташаккули шахсияти ҷавонон ва омилҳои иҷтимоии он мебошад. Муаллифи маҷмӯаҳои «Пайи ситора» (1976), «Ганҷ дар вайрона» (1977), достони «Рухсора» (1978), китоби достону ҳикояҳои «Ту танҳо не» (1980), маҷмӯаи ҳикоёти «Ҳақиқати талх» (1981).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор