Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Сипас Баҳром Фирӯз як-як шеърҳои маро варақ гардонида, аз эроду баъзе нишондодаҳои ду устод батафсил сухан карданд. Гуфтанд, ки баъзе шеърҳо таҳрирталабанд. Бояд аз сари нав бинам. Баъдан ин шеърҳо барои маҷмӯа каманд. Бояд шеърҳои нав илова кард.
— Саросема нашуда як китобаки хуб тайёр кунед. Майлаш?
— Кӯшиш мекунам.
Сухани нек боли парвоз дорад. Хосса, агар онро аз забони касе бишнавӣ, ки мардум эътирофаш кардаву дӯсташ медоранд. Бо сухан дардҳои зиндагиро дармон мебахшад. Бо навиштаву эҷодаш меҳмони азизи ҳар хонадон аст. Маҳбубият дорад миёни хонандагони сершумораш. Ва як сухани нек ба сони чашмаи мусаффое бошад, ки умре замини эътиқод ва орзуҳои инсонро шодоб созад.
Мамнун ва ба хотири болида аз пайи кор шудам. Пас аз се моҳ китобро ба нашриёт супоридам. Номи китобро устод Баҳром Фирӯз интихоб карданд.
— Лолаарӯсак–муждарасони баҳор аст. Муждаи баҳори эҷоди шумо ҳам, – дуои нек доданд Баҳром Фирӯз.
Охири сол китоби нахустини шеърҳои ман бо номи «Лолаарӯсак» нашр шуд.
Баъд маро барои кор ба маҷаллаи кӯдакону наврасони ҷумҳурӣ «Машъал» даъват намуданд, ки то имрӯз сардабири ин маҷалла (алъон «Истиқбол» ном дорад) ҳастам.
Рӯзе устод Баҳром Фирӯз занг зада хоҳиш карданд, ки вақт ёфта ба нашриёт дароям.
— Ман чанд ҳикоя ва навиштаҳоятонро хондам. Маъқул шуд, – зуд сари мақсад омаданд. – Бисёр равон, сода ва самимӣ менависед. Медонед, аз Шумо тарҷумони хуб мебарояд.
Он вақт дар «Машъал» чанд ҳикояву афсонаҳои кӯчакро аз англисиву русӣ тарҷума карда будам.
— Ташаккур. Лек аз ҳад зиёд лутф кардед, устод, – сахт дар хиҷолат мондам. – Тарҷумонӣ ҳунари ҳар кас нест…
— Медонам, – кӯтоҳак гуфтанд устод. Барои ҳамин ба Шумо тарҷума пешниҳод карданӣ ҳастам. Чӣ гуфтед?
Дар ҳолати ногуворе монда будам. На «ҳа» гуфта метавонистам, на «не». Магар аз ӯҳдааш мебароям? Рад кардан ҳам, вақте ба ту бовар мекунанд, хуб нест.
Ҳолати ман аз чашми устод пинҳон намонд.
— Дар ибтидо як қиссаи хурдакаки Эно Рауд «Сипсик»-ро тарҷума мекунед, – китобчаи рангаеро сӯйи ман дароз карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор