Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Нисбат ба худ ва дигарон серталабӣ дошт. Ростравӣ, ростгӯйӣ, ҳақиқатталошӣ пешаи ӯ дар зиндагӣ буд. Агар навиштаҳояш, аз ҷумла китоби калонҳаҷми «Саҳнаи гардон»-ро бодиққат хонед, ин сифатҳоро ба хубӣ мушоҳида мекунед. Ман солҳои ҳамкориам дар нашриёти «Адиб» ва ҳамсоягиам дар хонаи зист ӯро беҳтару хубтар шинохтам. Баҳром ба қадри вақт мерасид, онро беҳуда намегузаронд, ҳамеша дар кор, эҷод ё мутолиа медидам. Солҳое, ки ӯ мудири шӯъбаи адабиёти муосири нашриёти «Адиб» буд, дар паҳлӯи худ муҳаррирони хубро гирд овард ва барои беҳтаршавии сифати китобҳо талошҳо кард. Ба ин васила аз худ номи неку кори нек боқӣ гузошт. Имрӯз фарзандони азизаш номбардори ӯянд.
Чунон ки бузургон гуфтаанд, суханварон таваллуд доранду мурдан не. Баҳром Фирӯз суханвари асил буд ва номи ӯ бо беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ – Сухан зинда хоҳад монд:
Ба сухан зинда шавад номи ҳама,
Ба сухан пухта шавад хоми ҳама.
с. 1999
МИРЗОНАСРИДДИН
нависанда
ДАРСИ ОДАМУ ОДАМГАРӢ
Чунин ном дошт охирон мулоҳизаҳое, ки нависандаи соҳибзавқ Баҳром Фирӯз ба рӯйи сафҳа меовард. Вале умр вафо накарду сухани одамият дар лаб аз ин саҳрои ваҳшат парида рафт. Аз он рӯз панҷ сол сипарӣ шуда. Ва ҳоло хотираҳо боқӣ монданду халос. Хотираҳои ғамангезу тасаллобахш. Аз он ки дигар он чеҳраи пурнурро нахоҳӣ дид, сӯҳбатҳояшро нахоҳӣ шунид, дилатро кӯҳи ғам зер мекунад. Аммо бо хондани шеъру ҳикояҳо, қиссаву андешаҳояш тасалло меёбӣ.
Ҳазорон ғунча месӯзад дар ин боғ, ки то во мешавад як гул бад-ин ранг. Воқеан, Баҳром Фирӯз шахсе буданд мисли шиша нозук, аз андак ғашиву ғиромӣ дилмонда мешуданд. Пастфитратону дурӯяҳоро бад медиданд. Ва худ табиатан серғайрату назарбаланд, дилсофу дилёб. Ҳам пуркор буданду ҳам зиндагии ширину босафо доштанд. Ба орзуву ҳавасҳои зиёд умр ба сар мебурданд. Ғарами китобҳоро мехонданд. Табиату тинати одамиро меомӯхтанд. Бисёр мехостанд ҷомеаи хуб дошта бошем. ҳамватанҳоямон баномус, худшиносу меҳнатдӯст бошанд. Мисли миллатҳои пешрафта аз рӯйи илму амал зиндагӣ кунанд. На бо хурофоту андешаҳои зангзадаву дақиюнусӣ. Дар қиссаву ҳикояҳо ҳам чунин роҳу равишро, чунин арзишҳои маънавии инсонро, ки аз таҷрибаҳои ҳаёт гузашта, суфта шудаанд, гӯшрас мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор