Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Ман ин ҷо ду ҳикояи Баҳром Фирӯзро мисол меорам. Дар ҳикояи «То соли дигар» мардуми деҳаро ба водиҳо кӯчонданду ин ҷо ду хонавода мондааст ва ҷавонзане аз зиндагии беҳамсоя, бе нуру бе наво дилгир аст. Ва ба шавҳаре, ки волидайн ба зӯрӣ бораш кардаанду бодимиҷоз аст ва ӯ ҳам ба куҷо ғайб задааст, куллан дилбастагӣ надорад.
Боре ҷавоне дар сари чашма аз ӯ чизе пурсиданӣ мешавад, зан ҷавоб надода меравад, вале баъд мефаҳмад, ки ҷавон низ таҳҷоӣ несту ҳоло ду-серӯза дамгирӣ омадааст, дар сӯҳбат мешавад. Пас ҷавонзан ҳар рӯз сари чашма баҳри об меояд, сӯҳбат мекунанду ҳамдигарро нағз мебинанд. Аммо ба зориву таваллоҳои ҷавон, ки ӯро бурданӣ мешавад, бо меҳрубонӣ мегӯяд: «Ман ба шумо муносиб нестам. Шавҳар дидаам...» Ана ҳамин суханҳои маҳрамона ва меҳрубона ба дили хонанда, ба ёду хотираш мисли суруди дилпазир мечаспад. Ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Тухми покиву вафодорӣ мекорад.
Дар ҳикояи «Ганҷи шойгон» ин маънӣ равшантар ва бо тундӣ таҷассум ёфтааст.
Ба Назокати таърифӣ бештари ҷавонони деҳа одам мемонанд. Аммо падар Назокатро ба Толиби сағира медиҳад. «Ман ба падари ин дӯст будам, – мегӯяд. – Мо қавл карда будем. Вай барвақт аз дунё гузашт. Ман ҳақ надорам оби чашми ин сағираро раҳо кунам. Ва Назокат шавҳари бепадар калоншуда, сода ва коргурезашро ба ҷидду ҷаҳд мехоҳад ба қатори мардум дарорад. «Дигарон Мирзочӯл рафтанд, соҳиби обрӯ шуданд» гӯён шавҳарашро мебарад. Ба шавҳар, ки тарбияи падарро нагирифтааст, «акнун шумо бача не, камтар сахтиро ба худ гиред», мегӯяд. Вале худаш бештар дар замини пахтазор кор мекунад. Боре шабона, ҳангоме ки пахтаро об медод, мебинад, ки ҳамсояаш (ӯ ҳам замин об медод) фонус ба даст меояд. Назокат шавҳари болои суфахок хоббурдаашро хезонда мегӯяд: «Фонуса гиреду поении ҷӯйҳора хабар гиред, пас омада хоб меравед». Зан ҳама азобу машаққатро ба худ мегираду намехоҳад номи шавҳараш байни ҳамсояҳову ҳамкорон паст бошад. Ҳарчанд кайҳо ҳама медонанд. Ва аграном, ки Назокатро нағз мебинад, рӯйирост Толибро беақлу бероҳ гуфта наҳ мезанад. Ба ин ширинии зиндагиро намечашӣ мегӯяд. Ва баъд боре дари муҳаббаташро мекушояд, ки Назокат бо тундиву нафрат ҷавобашро медиҳад: «Ҳазор беақлу бероҳ бошад ҳам, ман то мурданам азони ваям. Бо пулу мансабат маро аз роҳ зада наметавонӣ!», фалсафаи хоси мардуми меҳнаткаш. Аз рӯзе, ки волидайн, хешу табор онҳоро ҷуфт карданд, дигар ба шавҳар, ба молу чизи дигарон ҳавасу орзу надошт. Аз пайи ҳавову ҳавас номашро байни мардум паст намезанад. Ана ҳамин покдоманиву покандешӣ орзуву омол ва ормони нависанда – тарбиятгари ҷомиа мебошад. Фикр мекунам, агар мо – нависандаҳо низ хонандаро ба ҳамин роҳу равиш талқин карда тавонем, ҳам худамон бурд мекунему ҳам ҷомиа. Ва маълум, ки дар аксари ҳикояҳо рӯзгори на чандон дури бародаронамонро мушоҳида мекунем. Ба сӯҳбати деҳқонони он айём ҳамроҳ мешавем. Хуллас, манзараҳои айёми гузаштаи кишвари азизро тасаввур мекунем. Ишқу ҳаваси даврони донишҷӯйӣ ба ёдамон меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор