Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳаргиз бовар намекунам, ки бародари ман дар байни мо нест...* Вай яке аз он ситораҳоест, ки дар осмони адабиёт ҳамеша нурпошӣ мекунад.

Бори охир дар толори Борбад ҳангоме, ки ба Баҳром Фирӯз Ҷоизаи адабии ба номи устод Айниро супориданд, дар паҳлӯи ӯ будам ва бовар доштам, ки ба мукофотҳои аз он баландтар сазовор мегардад. Сад афсӯс, ки аз байни мо хеле барвақт рафт, аммо асарҳояш, тарҷумаҳояш, суханҳои самимиаш бо мост ва дар онҳо таппиши дили беқарори бародари мо шунида мешавад.

с. 1999

  • Аҷал шоираи маҳбуби мо Гулҷеҳра Сулаймониро низ ба коми худ кашид. Ёдашон ба хайр!

САЙИДАЛӢ МАЪМУР
Шоири халқии Тоҷикистон

«БА СУХАН ЗИНДА ШАВАД...»

То ба ошноии бевоситаам бо Баҳром Фирӯз бо шеърҳояш шинос будам. Ӯ донишҷӯйи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд буду навиштаҳояш тез-тез дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» рӯйи чопро медиданд. Ман он вақт хонандаи мактаби миёна будаму шеъргунаҳо менавиштам ва ба идораи рӯзномаҳо мефиристодам. Дар рӯзномаи вилоятӣ низ ибтидои солҳои шастум намунаҳои эҷодам дарҷ гашта буданд. Маҳз дар саҳифаҳои ҳамин рӯзнома бори нахуст номи Баҳром Фирӯзро дидаму шеърҳояшро хондам. Ин шиносоии нахустини ман бо ӯ буд. Баъдтар, вақте ба Душанбе омаду дар идораҳои рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», радио ва телевизион, маҷаллаи «Садои Шарқ» кор мекард, худашро аз наздик дидам, шинос шудам ва баъдтар шиносоии мо ба дӯстию бародарӣ табдил ёфт.

Як лаҳзаро ҳеч фаромӯш намекунам: тобистони соли 1967 ба идораи нашриёти «Ирфон», ки дар кӯчаи Шевченко воқеъ буд, рафтам. Дар он ҷо Баҳром Фирӯзро дидам. Ӯ як нусхаи маҷмӯаи нахустини ашъораш «Розҳои маҳтобшаб»-ро, ки навакак рӯйи чопро дида будааст, дар даст дошт. Чеҳраашро болида дидам. Ӯро бо нашри китоби нахустинаш самимона табрик кардам. Баҳром дар навбати худ маро ҳам бо чопи маҷмӯаи аввалам «Заврақи умед», ки ҳамон рӯз аз нашриёт гирифта будам, табрик намуд. Ҳар ду хурсанд ҷониби коргоҳи худ равон шудем. Ҳамин тавр, баъдтар мо дар майдони адабиёт солиёни дароз фаъолият намудем. Бояд иқрор шуд, ки майдони сухани Баҳром Фирӯз фарохтар буд, ӯ дар ду майдон – назм ва наср ҳунарнамоӣ мекард. Агарчи баъдтар ҳам шеърҳо навишт, бо номҳои «Силсила», «Тафти дил» маҷмӯаҳои ашъор ба табъ расонд, лек дар наср сермаҳсултар буд. Китоби ҳикояву қиссаҳояш пайиҳам нашр мешуданд. Солҳои охири ҳаёташ ба таълифи роман машғул буд.

пешина
аз 94
навбатӣ