Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баҳром Фирӯз аз нӯшбоди нотиқони сархуш сахт ба хиҷолат монда, ҷилави сӯҳбатро зуд ба дигар тараф мекашид. Дӯст намедошт, дар ҳузураш ӯро таърифу тавсиф кунанд, адиби маъруфу машҳур ва баркамолаш хонанд.

Рӯзи дигар ман бо Баҳром Фирӯз дар долони Қасри адибон дучор омадаму гуфтам:

— Бори дигар шуморо табрику таҳсин, додарам. Дина меҳмондориҳоятон нағз гузашт, зиёфату сӯҳбат айни муддао буд. Акнун ҷашни таваллудатонро бо аҳли ҷамоат кай ва дар куҷо мегузаронем? Дар толори кадом қасри маданият ё театр ҷамъ меоем? Даъватномаҳо ҳам тайёр будагист?

— Толор? Даъватнома? – писханд зада пурсид Баҳром ва баъди фосилае илова кард. – Чӣ? Чорсад-панҷсад касро аз кору бораш мононда ҷамъ оварем? Онҳо тарҷумаи ҳолу корҳои эҷодии маро ёд оварда кафкӯбӣ кунанду ман дар саҳна рост истода шунавам? Мамнун шуда ташаккур гӯям? Не-не! Ин хел нағмаю тантанаҳои сохтаю зӯракӣ ба хулқу атвори ман рост намеояд, иззати нафси маро таҳқир мекунад. Кифоя аст, ки воситаҳои ахбори умум ин зодрӯзро каму беш табрик карданд. Ташаккур ба онҳо! Муаллиф ҳамон вақт шоду қаноатманд мешавад, ки мухлисонаш асарҳои ӯро кофтаю ёфта, хонанд, баҳра баранд, таълим гиранд. Мушк он аст, ки фармудааст Саъдии бузург, худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд.

Аз ин мулоқоту сӯҳбатҳои мо бо Баҳром Фирӯз даҳ сол сипарӣ шуд. Ин даҳ соле буд пур аз фоҷиаҳо, табаддулот, бесарусомонӣ, таъқибу таҳқир, қатлу ғорат, муҳоҷират ба манзилу маконҳои дигар. Баҳром Фирӯз дар ибтидои ин даҳсола бо мақолаю публисистикаи худ алайҳи реформаторҳои кӯтоҳназар, мансабталошону маҳалгароён муборизаи беамон мебурд, халқро ба ваҳдату ақли солим даъват мекард, ба дахолату дасисаҳои аҷнабиёни зиёнкор лаънат мехонд. Ин фаъолияти ӯ маълум, ки ба душманони миллат ва мулки кӯчаки мо намефорид... Оқибат ӯ маҷбур шуд, ки кӯчашро бандаду пойтахтамонро тарк кунад. Дар Хуҷанд ҳам вай ақидаҳои ҳусни тафоҳум ва сулҳҷуёнаи худро тавассути радио ва рӯзномаҳо давом медод, дар вилоят таъсису нашри маҷаллаи нави «Сайҳун»-ро ба роҳ мемонд. Аз ҳама муҳиммаш, ба кори эҷодӣ ҳамвора машғул мешуд. Ба қавли худаш рӯзе набуд, ки қалам ба даст нагираду чизе нанависад.

пешина
аз 94
навбатӣ