Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Муболиға намешавад агар гӯям, ки Баҳром Фирӯз ҳар як достони нави худро барои мутолиаю машварат даставвал ба Муҳаммадҷон Шукуров ва камина месупорид. Ман дастнависи асарҳои ӯро бодиққат мехондам. Аз образҳои мукаммали офаридааш ва аз бозёфтҳои ҷолиби бадеияш ба завқ меомадам. Нуқсонҳои ҷузъии забону тарзи баён ва пайвасти сусти баъзе лавҳаҳои тасвири ӯро нишон медодам. Вай мулоҳизаи рафиқонашро ҳатман ба ҳисоб мегирифт, ба ислоҳу такмили навиштаҳои худ ба таври ҷиддӣ миён мебаст. Ёдам меояд, баъди хондани қиссаи шавқангезу хотирнишини «Ту танҳо не» ба мушоҳидаҳои борикбинона ва маҳорати рӯзафзуни ӯ қоил шуда, дасташро сахт фишурдаму аз самими дил табрикаш кардам. Вай чашмонашро калон кушода, бо тааҷҷуб ба ман нигаристу илтимос кард: «Устод, камбудиҳояшро гӯед, ки боз кор кунам».
— Баъзе нуқсонҳои чашмрас, – гуфтам ман, – дар поварақу ҳошияҳо ишора шуд. – Баъд, маро ба устод номида шарм доронданаш ҷавобан афзудам. – Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро!
Ҳусну кубҳи навиштаҳои худро низ ман аз забони Баҳром Фирӯз шунидан мехостам. «Меҳри аввал» сентименталист, «Ҷуръати доктор Мансур»-атон даҳшатнок, изҳор мекард ӯ ҳазломез. Шунидам, ки вай аз Хуҷанд якчандрӯза ба Душанбе омадааст, бо илтимос мусаввадаи «Қиссаи Нодир»-ро ба ӯ хонондам.
— Воқеаҳои калонро дар гармогармияш навиштан аз як ҷиҳат хуб аст, – гуфт ӯ баъди хондан. – Чунки таассурот тозаю ҷузъиёт равшан аст. Вале хулосаи мӯътамад аз он рӯйдодҳо ба назари ман бармаҳал метобад. Мефаҳмам, ки шумо ҳамафти (двойники) президентро ҳамчун меҳвари суҷету озодии андеша аз худатон сохтаед. Забон ҳам боз андак сайқал металабад. Чунончи, дар назм бо тақозои вазн «кош» гуфтан мумкин бошад ҳам, дар наср шакли пурраи онро «кошкӣ» навиштан беҳтар будагист...
Баҳром эродҳои худро дар саҳифаҳои даркорӣ бо қалам беозор нишон дода буд, ки баъди ислоҳ пок карданаш осон бошад. Ман аз рӯйи қайду маслиҳатҳои ӯ қиссаи мазкурро бори дигар таҳрир карда, ба маҷаллаи «Садои Шарқ» супурдам.
Дар тӯйи Абдуқайюм ном шиносамон боре ману Баҳром тасодуфан паҳлӯи ҳам нишастем. Вай чобуку чаққон гӯшти ошро пора карду «гарчи худ бебаҳраам, шодам зи айши дигарон» гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор