Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Аксар вақти аз деҳа ба шаҳр ба кор омадан ва ё аз кор баргаштан дар роҳ ба Баҳром дучор меомадам. Рӯ ба рӯям меомад, ба ронанда мефармудам мошинро нигоҳ дорад. Аз мошин мефаромадем, аз канори киштзорон ё юнучқазори сари роҳ қадам мемондем. Ғуруби офтоб ё тулӯи хуршеди оламороро тамошо мекардем. Ӯ ба хонаи бобои Довуд мерафт ё бармегашт.
Чанд рӯз пеш аз деҳа ба шаҳр меомадем, шиноси деринам бобои Довудро дидам. Вай аз масҷиди деҳа баромада ҷониби хонааш мерафт. Бегоҳирӯзӣ, ки буд, аз афташ, дар масҷид намози асрашро хонда буд. Оғӯш ба оғӯш бо ҳам вохӯрдем.
— Камнамоед, додарам. Ин вақтҳо дар қишлоқ зиндагӣ намекунед-чӣ? – пурсид бобои Довуд.
— Ҳа, – сар ҷунбондам.
— Оббое, додаре. Аҷаб замонҳое шуда. – гуфт ва баъд суолам дод: – Як хабари ганда шунидам, рост аст? Бовар намекунам, ба Худо. Мулло Баҳром қазо кардааст?
— Баҳром аз олам гузашт, – ба ҳасрат тасдиқ намудам.
— Ҷони одам буд Баҳром, тилло буд, ҳайф шуд, сад ҳайф... Бачаҳо хона хабар оварданд... Рост будааст, Вой, вое, ҳайф шуд. Кӯдаконам гиря карданд, «акаи Баҳром»... гуфтанд. Нағз нашуд, вай ёш буд...
Мо дар канори роҳ Баҳромро ёд меовардему ёд меовардем.
Тарафи мошин гаштам. Хаёлам ба Баҳром ва бобои Довуд. Аҷаб не, ҳанӯз қуттиҳои занбӯрҳои асали Баҳром дар хонаи бобои Довуд бошад. Дигар Баҳром ба суроғи онҳо намеояд... Боз баҳор меояд, гулҳо мерӯянд... Ман дар роҳи деҳа бо Баҳром Фирӯз дучор намеоям.
Гузаштанд рӯзҳое, ки вай дар ин олами зебо ҳамроҳамон буд...
с. 1995
АБДУМАЛИК БАҲОРӢ
Нависандаи халқии Тоҷикистон
ТАСКИНИ ДИЛ
Ба назарам гӯё дирӯзакак буд, ки мо панҷоҳсолагии дӯстамон Баҳроми Фирӯзро ҷашн мегирифтем. Дар хонаи ӯ ҷамъ омада будему мизбони хушҳолу саховатмандро бо синни муборакаш табрик мегуфтем. Соҳибҷашн дар пешгаҳ не, балки дар дамгаҳи дар нишаст, хизмати меҳмонҳои қадршиносашро баҷо меовард, чун ҳарвақта хоксору хандон буд. Мо хулоса мебаровардем, ки Баҳроми само сайёраи наздиктарини Замин асту Баҳроми замин наздиктарин рафиқи ҳамқалами мост, асарҳояш писанди умум гардидааст, назму насраш ба дилҳо зуд роҳ меёбад, ба рушду нумӯи адабиёти муосир саҳми арзанда мегузорад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор