Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соат аз се гузашт. Аз чопхона боз дастнависро пурсиданд.

Аз Баҳром дараке набуд. Аз хонаашон ҳам як хел ҷавоб мегуфтанд: «Баҳром ким-кайҳо аз хона баромада...».


Баҳром ҷузвдони калони дастнавис дар зери бағал, бо чеҳраи хандон дари ҳуҷраамро кушод.

— Дер кардам, Кароматулло?

— Бахудо, алахон шудем, чӣ воқеа рӯй дод? Куҷо рафта будед?

— Ҷониби қишлоқҳои шумо. Теппаи Самарқанд рафта омадам. Хонаи бобои Довуд, мешиносед?

— Ҳа, он кас аз шиносони наздикам.

— Худашон ҳам гуфтанд. Бисёр одами нағз, фарзандонашон ҳам бамаънӣ, ҳамаашон китоб мехондаанд. Мо аз мардум дур, ин хел мӯйсафедон ҳам будаанд. Ин одам як асар. Шумо чаро дар бораи ҳамин хел одамон наменависед? Одамони меҳнатӣ... – Баҳром ҷузвдонро аз даст нагузошта шодона бобои Довудро таъриф мекарду дар ҳаққи ӯ аҳсант мехонд. Аз шиносиаш бо бобои Довуд ҳикоя намуд.

Пири равшанзамир бобо Довудро мешисонам. Хонааш ҳам равуо дорам. Ба як мард чил ҳунар кам аст гуфтагӣ барин, ӯ соҳиби бисёр касбҳост. Усто аст, дар хонааш ҷувози барқӣ бунёд намудааст, осиёдор. Фарзандонаш ҳам боҳунар, зиндагии хуш ва осуда доранд. Бобои Довуд марди дастархондор, дасткушод. Албатта, ӯ одами маълумоти олидор нест. Вале, чи хеле мегӯянд, агар хоҳад, самолёт месозад. Дар рӯзҳои камсаводии мардум ҳамин марди боҳунар дар колхоз солҳои сол сармуҳандис будааст, баъд ӯ дар деҳа бригадир ҳам буда. Ҳама баҳри ҳалли бисёр мушкилҳо дар ҳолатҳои дармондагӣ наздаш меоянд, маслиҳату машварат мехоҳанд аз вай. Боғҳо бунёд карда, дарахтҳои беҳисоб сабзондааст ин мард. Дар бораи ҳамаи ин ба Баҳром ҳикоя намудам. Вай аз зиндагӣ ва кору бори бобои Довуд бештар фаҳмидану донистан мехост.

Хонаҳои зебо, ҳавлии сердарахти калону васеашро таъриф мекард. Ҳавлиаш дар лаби дарёча, баҳорон пуроб мешавад.

— Ман қоил, ин қадар ҳавлиашон зебо аст. Ниҳолҳо, дарахту гулу буттаҳо чунон ҷо ба ҷо, чунон бо низому тартиб шинонда шудаанд, ки аз зебишашон кас ангушти ҳайрат мегазад, мегуфт Баҳром ва гӯё як оламе баҳраш тадқиқ намуда буд.

Минбаъд омаду рафти Баҳром ба деҳаи Теппаи Самарқанд, ба хонаи бобои Довуд давом меёфт. Маълуми ҳамагон аст, ки Баҳром пешаи занбӯри асалпарварӣ ҳам дошт. Қуттиҳои занбӯри асалашро дар канори ҳавлии бобои Довуд, зери дарахтони себу анорҳо гузошта буд. Алалхусус, Баҳром баҳорон, вақти гулу сабзиши гиёҳо, вақти ҷомаи сабзгун ба бар кардани талу теппаҳо бештар ба Теппаи Самарқанд, ба хонаи бобои Довуд равуо менамуд.

пешина
аз 94
навбатӣ