Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
— Ҳа, Баҳромҷон, китоб ҳамсӯҳбати беминнати одам, ҳамсӯҳбати нағз, ба дил, – пирамард номи ӯро ба забон оварда бо вай ҳарф мегуфт.
Пирамард худашро ба Баҳром шинос намуд: бобои Довуд, аз деҳаи Теппаи Самарқанд, деҳаашон ба шаҳр наздик.
— Номи деҳаатон Теппаи Самарқанд? Ба чӣ муносибат ин тавр номидаанд. Теппаи Самарқанд гуфтааанд?
— Шумо Баҳромҷон, худатон аслан куҷоӣ, – пурсид бобои Довуд.
— Аз Самарқанд.
— Ягон рӯз, агар насиб бошад, ба тарафи мо биёед, дар хона ман ба шумо аз таърихи деҳа ҳикоят мекунам, мӯйсафедҳоро ғун меорам, ба муаллимон мегӯям, – баъд, бобои Довуд чанд китоби Баҳромро ба забон овард. Алалхусус достони «Ту танҳо не»-и ӯ ба пирамард хело маъқул гашта буд.
Бобои Довуд, пирамарди хайрхоҳи дилсоф, дар чанд лаҳза дар бораи худаш, ба дараҷае аз тарҷумаи ҳол, аз давраҳои сағирӣ, аз замони шӯравӣ, аз рӯзҳои хушу нохуши аз сар гузарондааш ба Баҳроми нависанда ҳикоятҳо гуфт.
Ҳамин тариқ, ҳам Баҳроми Фирӯз ва ҳам мусоҳиби ӯ нафаҳмида монданд, ки ба истгоҳи комбинати полиграфӣ чӣ тавр расиданд.
— Баҳромҷон, хайр, мо ҳамин ҷо мефароем. Ҳо, ана деҳаи мо – аз тирезаи мошин бобои Довуд ба ҷониби кӯҳ, ба деҳае, ки намоён буд, бо ангушт ишора кард ва ба суханаш давом намуд: – Ягон рӯз биёед, хонаи бобои Довуд канӣ гӯед, ҳама медонанд, нишон медиҳанд. Биёед, Баҳром, – мӯйсафед хоҳиш намуд, ки мошинро нигоҳ дорад. Аммо Баҳром ба ӯ гӯш намедод, суръати мошин суст намегашт.
— Чӣ кор мекунед, Баҳромҷон, истед,- бобои Довуд аз мошин фаромадан мехост.
— Не, амак, ман шуморо мебарам, то хонаатон мебарам, гуфт бо қатъият Баҳром.
— Ин тавр накунед, Баҳромҷон, дар истгоҳ мефароем, мошин бисёр. Хуб нашуд. Шуморо саргардон кардем, беодобӣ шуд, истед, – бобои Довуд ва ҳамсараш дар хиҷолат монда буданд.
— Ҳеҷ гап намешавад, амакҷон, хонаатон дур набудаст-ку, мошин аз роҳи калон берун шуда рӯ ба дохили дара мерафт. Ҳар қадар мусофирони ӯ узрхоҳӣ намуда, илтиҷо доштанд, ки саргардон нашавад, мошинро нигоҳ дорад, онҳо мефароянд, вале Баҳром бобои Довуд, аҳли байташро дар роҳ нафаровард...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор